Ба гузориши Икно, Абдулмаҷид Таббӯн, Раисҷумҳури Алҷазоир гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи кишвараш барои кумаки низомӣ ба Ғазза дар сурати боз шудани марзи Миср бар рӯи ин кишвар омодааст.
Таббӯн ки аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Алҷазоир дар ҳафтуми октябр аст, шаби гузашта дар як гирдиҳамоии таблиғотӣ дар шаҳри Константин, ин изҳороти бесобиқаро ба забон овард.
Ӯ гуфт: “Қасам ба Худо ҳаргиз Фаластин ва ба вижа Ғаззаро раҳо нахоҳем кард ва Алҷазоир омодаи эъзоми артиш ба Ғазза аст; қавл додаам, ки артиш омодааст ва агар марзҳо боз шуд ва иҷозаи убури мошинҳо ва автобусҳо дода шуд, мо тайи 20 рӯз, дар Ғазза чанд бемористон хоҳем сохт ва садҳо пизишк ба онҷо эъзом хоҳем кард”.
Таббӯн дар идома гуфт, масаълаи Фаластин, фақат масаълаи фаластиниён нест; балки масаълаи Алҷазоир низ ҳаст ва ин кишвар омодаи кумак ба ҳамкишону ҳамтаборони худ аст. Раисҷумҳури Алҷазоир гуфт, ки аз замони ҷангҳои салибӣ (замони ишғоли Қудс ба дасти масеҳиҳо), алҷазоириҳо бо Фаластин дар иртибот будаанд.
Ин ҳарфҳои Таббӯн ба мисриҳо ба вижа тарафдорони генерал Абдулфаттоҳ Ал-сисӣ, Раисҷумҳури Миср хуш наомад ва онҳо дар муқобили ҳарфҳои Муҳаммад Ҳусни Муборак, раисҷумҳури асбақи Мисрро бознашр карданд, ки тайи он бидуни ишора ба Алҷазоир гуфтааст, ки бархе аз омодагии кишварашон барои эъзоми неру ба Фаластин мегӯянд, инҳо кишварҳое ҳастанд, ки танҳо дар сухан гуфтан ба дунболи озодсозӣ ҳастанд.
Яманиҳо аз ин изҳороти Таббӯн истиқбол карданд; Муҳаммадалӣ Ал-ҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт, ки ин изҳорот муҳим, хеле хубу беназир аст.
Ал-ҳусӣ гуфт: “Ба изни Худо, бо ҷабҳаҳои меҳвари Қудс ба манзури таҳаррукоти бештар ва гушӯдани ҷабҳаҳои ҷадид, ба манзури ҳамоҳангӣ ҷиҳати кумак ба Ғазза ва Фаластин, иқдомоте сурат мегирад. Ӯ идома дод: Мо дар Яман омодаи ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо Алҷазоир ба манзури кумак ба Ғазза ҳастем”.
Алҷазоир ба далели собиқаи зидди истиъмории худ алайҳи Фаронса ба кишвари инқилоб ва зидди истеъмор маъруф аст, ки гуфта мешавад дар ин роҳ беш аз як миллион шаҳид тақдим кардааст. Ин кишвар ҳамвора мавозеи қотеъ ва ошкор дар ҳимоят аз Фаластин дошта ва рӯзи гузашта Таббӯн низ эълом кард, ки сӯхт дар ихтиёри Лубнон қарор медиҳад ва дар шароити сахт аз ин кишвар ҳимоят мекунад.