ба гузориши хабарнигори эъзомии хабаргузории ИКНА ба Карбалои Муалло, дар оини ифтитоҳияи ин мусобиқот, шайх Абдулмаҳдии Карбалоӣ, мутаваллии шаръии остони муқаддаси Ҳусайнӣ, Сайид Риёзулҳаким, аз уламои барҷастаи ҳавзаи илмия, шайх Али Ан-Наҷафӣ, мудири дафтари оятуллоҳилъузмо шайх Башир Ан-Наҷафӣ аз мароҷеъи тақлиди ҳавзаи илмияи Наҷаф, шайх Хайриддин Ал-Ҳодӣ, мудири Дорулқуръони остони Ҳусайнӣ ва ҷамъе аз уламо ва фузалои ҳавзаи илмияи Наҷафи Ашраф ва масъулони остони Ҳусайнӣ ва ҳамчунин, доварон ва мутасобиқон ҳузур доштанд.
Шайх Абдулмаҳдӣ Ал-Карбалоӣ, зимни суханоне дар оини ифтитоҳияи ин рақобатҳо гуфт: ҳадаф аз барпоӣ ин мусобиқот баҳрагирӣ аз нур Қуръон барои раҳоӣ ёфтан аз торикӣ ва ҷаҳл аст.
Дар идомаи ин маросим, Сайид Риёзулҳаким, аз уламои барҷастаи ҳавзаи илмия ба намояндагӣ аз ҳавзаҳои илмия ва шайх Алӣ Ан-Наҷафӣ суханронӣ кард.
Ҳамчунин, шайх Хайриддин Ал-Ҳодӣ, мудири Дорулқуръони остонаи Ҳусайнӣ аз дигар суханронони ин маросим буд, ки барпоӣ ин мусобиқот дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари Имом Ҳусайн(а)-ро аз имтиёзоти мунҳасир ба фарди ин рӯйдоди қуръонӣ донист.
Карор Аш-Шимрӣ, масъули маркази расонаи Қуръонии Доролуқуръони остони Ҳусайнӣ низ дар ин бора гуфт: 54 қорӣ ва ҳофиз аз беш аз 30 остони муқаддас, зиёратгоҳ ва масҷид дар ин рақобатҳо ҳузур доранд.
Вай афзуд: мутасобқини ҳозир дар дувумин давраи ҷоизаи байналмилалии ҳифз ва тиловати Қуръони Карбало аз кишварҳои Ироқ, Эрон, Арабистон, Куавайт, Сурия, Лубнон, Алҷазоир, Афғонистон, Туркия ва Миср ҳастанд.
Карор Аш-Шимрӣ, бо ишора ба ин, ки 15 довари мутахассиси байналмилалӣ, иҷрои ширкаткунандагон дар ин давра аз мусобиқотро арзёбӣ мекунанд, гуфт: ҳадаф аз барпоӣ ин мусобиқот ин аст, ки ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки мо ҳамеша ва пайваста бо Қуръон ҳастем ва бо ҳаҷмаҳои ҳадафманд алайҳи ин китоби илоҳӣ бархурд мекунем.
Ёдовар мешавад, дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва тиловати Қуръони ҷоизаи Карбало ба ҳиммати Дорулқуръони остони муқаддаси Ҳусайнӣ ва дар чорчуби фаъолитҳои ҳафтаи ёрии Қуръон дар саҳни ҳарами мутаҳҳари Ҳусайнӣ дар Карбалои Муалло баргузор мешавад.