Ба гузориши хабарнигори эъзомии "ИКНА" ба Карбалои Муалло, шайх Хайриддин Алӣ Ал-Ҳодӣ, бо баёни ин матлаб дар оини ихтитомияи дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷоиза Карбало, ки субҳи дирӯз, дар саҳни ҳарами мутаҳҳари имом Ҳусайн(а) дар Карбалои Муалло баргузор шуд, гуфт: «дар ибтидо барпоӣ муваффақиятомези ин мусобиқотро ба аҳли Қуръон ва дӯстдорони каломи ваҳй табрик мегӯям ва умедворам, ки ин талоши муборак, иқдоме дар ҷиҳати тақарруб ба зоти Ҳақ Таоло ва имом Ҳусайн(а) бошад».
Мудири Дорулқуръони остони Ҳусайнӣ бо ишора ба иқдомоте, ки дар ҷиҳати иҳонт ба Қуръон ва муқаддасот дар ҷараён аст, гуфт: ин рӯйдоди қуръонӣ иқдоме дар ҷиҳати муқобила бо ин афроди бехирад ва дифоъ аз китоби илоҳӣ буд ва ҳузури шахсиятҳои барҷастаи қуръонӣ дар ин замина бисёр таъсиргузор аст.
Вай дар идома хитоб ба ҳозирон дар ин мусобиқот гуфт: «шумо корти ҳузури худро дар ин мусобиқот аз имом Ҳусайн(а) дарёфт кардаед, ва ин барои ҳамаи мо мояи ифтихор аст, ки дар ҷавори ҳарами Ҳусайн(а) ба Қуръон хидмат мекунем ва дар расондани садо ва паёми Қуръон ба ҷаҳониён саҳим ҳастем.
Дабири мусобиқот дар идомаи суханони худ ба пӯшиши расонаоӣ ин мусобиқот ишора кард ва гуфт: бархе аз клипҳои савтӣ ва тасвирии ин мусобиқот дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ наздики як миллион бинанда аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон доштааст.
Шайх Хайриддин Алӣ Ал-Ҳодӣ, дар поён аз шабакаҳои расонаӣ аз ҷумла шабакаи моҳвораӣ Қуръони вобаста ба шабакаи Карбало, хабаргузории байналмилалии Қуръонии (ИКНА), маркази расонаи Қуръони Дорулқуръони остони Ҳусайнӣ, радио Қуръони Карбало ва радио "Ар-Равзатул Ҳусайния" ба хотири пӯшиши матлуби расонаӣ ин рӯйдоди қуръонӣ тақдир кард.