Ба гузориши Алҷазира, расонаҳои режими саҳюнистӣ аз мушакборони сарзаминҳои ишғолӣ аз самти Эрон хабар медиҳанд.
Бархе манобеъ эълом карданд, ки дасти кам 102 мушак аз самти Эрон ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ шиллик шудааст.
Ожири ҳушдор дар бахшҳои густурдае аз сарзаминҳои ишғолӣ аз ҷумла, Қудси ишғолӣ, Баър Сабъ ва атрофи саҳрои Нақб ба садо даромадааст.
Вазорати хориҷаи режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ эълом кард, ки тамоми шаҳракнишинони саҳюнистӣ ба сӯи паноҳгоҳҳо гурехтаанд.
Расонаҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ аз бархурди чандин мушак ба «Телавив», Қудси ишғолӣ ва манотиқи ҷанубии сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.
Бархе расонаҳо шумори мушакҳои шилликшуда аз самти Ҷумҳурии Исломии Эронро 400 мушак унвон карданд.
Едиот Аҳаронот эълом кард, ки як сохтумон дар шимоли Телавив ҳадаф қарор гирифтааст ва аз байн рафт.
Илова бар ин бархе расонаҳо аз бархурди мушакҳо ба чандин нуқтаи дигар дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.
Ҳамчунин расонаҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аз таваққуфи парвозҳои фурудгоҳи Бен Гурион дар Телавив хабар доданд.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки Амрико барои кумак ба режими кӯдаккуши саҳюнистӣ барои он чи «дифоъ аз худ алайҳи ҳамлаҳо ва ҳимоят аз неруҳои худ дар минтақа» хонд омодааст.
Расонаҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аз бархурди чандин мушак ба «Телавив», Қудси ишғолӣ ва манотиқи ҷанубии сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.
Радио артиши режими саҳюнистӣ эълом кард: Ҳодиса тамом нашудааст ва мумкин аст чандин мавҷи ҳамлаи мушакии дигар низ аз сӯи Эрон сурат бигирад.
Бархе расонаҳои саҳюнистӣ низ шиллики оташи Эрон ба сӯи сарзаминҳои ишғолиро «бидуни таваққуф» тавсиф карданд.
Шабакаи 14 телевизиони режими саҳюнистӣ низ эълом кард, ки тамоми саҳюнистҳо дар ҳоли ҳозир ба паноҳгоҳҳо гурехтаанд.
Ню-Йорк Таймз эълом кард: Ба назар мерасад, ки замони расидани мушакҳои Эрон ба «Исроил» камтар аз 15 дақиқа будааст. Ин ба маънеи баллистикбудани ин мушакҳо аст.
https://iqna.ir/00Hn1q