IQNA

Уламои машҳури ҷаҳони Ислом /22

13:45 - May 23, 2023
рақами хабар: 24
Уламои машҳури ҷаҳони Ислом /22
“Игнатий Крачковский”; Бузургтарин мутарҷими Қуръон ба забони русӣ

Игнатий Крачковский, шарқшиноси русӣ ва пажӯҳишгари адабиёти арабӣ, нахустин муаррифӣ кунандаи адабиёти арабии муосир дар ғарб ва соҳиби машҳуртарин тарҷумаи Қуръон ба забони русӣ аст, ки чиҳил сол аз умри худро сарфи ин тарҷума кард.

Ба гузориши “ИКНА”, “Игнатий Юлианович Крачковский”, зодаи 4 марти 1883 дар Вилна ва мутаваффои 24 январи 1951 дар Ленинград (Санкт-Петербург кунунӣ), шарқшинос ва мутахассиси забони арабӣ ва мутарҷими Қуръон ба русӣ ва устоди академияи улуми Русия ва иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, аз бунёнгузорони мактаби мутолиоти арабӣ ва исломии Шӯравӣ, узви анҷумани Империяи Православии Фаластин ва аз нависандагони чопи аввали “Доиратулмаорифи Ислом” (Энсиклопедияи Ислом) ва соҳиби машҳуртарин ва мӯътабартарин тарҷумаи Қуръони Карим ба забони русӣ аст.

Таърихи тарҷумаи Қуръони Карим ба забони русӣ

Тарҷумаи Қуръони Карим ба забони русӣ дар авоили қарни ҳаҷдаҳум ва ба дастури Пётри Кабир, подшоҳи машҳури русӣ ва падари Русияи навин оғоз шуд.

Дар ҳоли ҳозири 15 тарҷумаи русӣ аз Қуръони карим вуҷуд дорад. Аз замоне, ки Пётри Кабир дастури тарҷумаи онро дар соли 1716 дод (мутарҷими он номушаххас аст), сипас Михаил Воронин (1790) ва Алексей Колмарков (1792) иқдом ба тарҷумаи Қуръони Карим карданд. Николаев (1864), Саблюков (1877), “фирқаи Аҳмадия” (1987) ва Валерия Прохорова (1993), Фазил Қараоғлу (1994), Муҳаммад Нурӣ Усмонов, Теодор Шумовска, Дмитрий Богуславский) (1995), Александр Садетский (1997), Сумая Афифӣ ва Муҳаммад Ал-Мунсӣ (1999, Мюнхен), Раул Бухороев (2006) ва Орал Шарифов ва Раиса Шарифова (2006) ба тартиб ба тарҷумаи Қуръон ҳиммат гузоштанд. Шомил Алоуддинов низ тафсире аз маонии Қуръонро дар чаҳор ҷилд мунташир кардааст.

Дар ин миён тарҷумаи Крачковский арзиши болое дорад. Тарҷумаҳои Қуръон ба забони русӣ то пеш аз Крачковский ду мушкили асосӣ дошт. Нахуст инки бахши умдаи ин тарҷумаҳо аз забонҳои восита ба забони арабӣ баргардонда шуда буд ва аз сӯи дигар ин тарҷумаҳо ба суннати шарқшиносии Русияи тезорӣ тааллуқ дошт, ки дар он навъе душманӣ бо мусулмонон ва Ислом дида мешуд.

Крачковский аз ин шева фосила гирифт. Солҳо омӯхтани забони арабӣ ва зиндагӣ дар сарзаминҳои арабӣ боис шуда буд Крачковский бо ҷузъиёт ва печидагиҳои забони арабӣ ошно шавад. Ҳамчунин ӯ ба далели ошноӣ худ бо адабиёти арабӣ, ба хубӣ дарёфт, ки сабки Қуръони Карим аз назари адабӣ ва луғавӣ сабки хоссе аст ва наметавон мушобеҳи барои он дар дигар мутуни арабӣ ёфт.

Ӯ тамоми талоши худро кард то дар тарҷумаи худ ин сабк ва шеваро ба забони русӣ низ мунтақил созад. Ҳадафи ӯ ин буд то тарҷумаи русӣ аз назари шакл ва мӯҳтаво ба каломи илоҳӣ наздик шавад ва аз сӯи дигар мутолиаи он барои хонандагон дар сатҳи мухталиф низ имконпазир бошад.

Крачковский чиҳил сол аз умри худро сарфи ин кор кард, аммо натиҷаи кори худро ҳаргиз надид. Тарҷумаи Қуръони Крачковский 12 сол пас аз марги ӯ дар соли 1963 мунташир шуд; Тарҷумае, ки дар ҳоли ҳозир беҳтарин тарҷумаи русӣ аз Қуръони Карим ва яке аз беҳтарин тарҷумаҳои Қуръон ба забонҳои дигар аст.

Пас аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ, алоқа ба тарҷумаи Қуръон дар ҷумҳуриҳои истиқлол ёфта пас аз фурӯпошии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба таври куллӣ ва Федератсияи Русия ба таври хос афзоиш ёфтааст. Тарҷумаҳои Саблюков, Крачковский ва ҳамчунин Богуславский таҷдиди чоп шуда ва ҳамчунин тарҷумаи ҷадиди Усмонуф ба забон русӣ анҷом шудааст. Усмонов аз мутахассисони ҳавзаи адабиёти форсӣ дар Русия низ шинохта мешавад.

captcha