IQNA

Ёде аз Шайх Маҳмуд Алӣ-ал-Банно дар солрузи вафот + филми тиловат

22:56 - July 21, 2023
рақами хабар: 245
Рӯзи панҷшанбе 20 июл солрузи вафоти Шайх Маҳмуд Алӣ-ал-Банно яке аз машҳуртарин қориёни Миср ва ҷаҳони Ислом аст.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз ахбори Ал-Явм, ин қории бузург дар 17 декабри 1926 дар рустои Шабра Бас, бахши Шабин Элкум, дар устони Манфия, воқеъ дар шимоли Миср ба дунё омад. Вай Қуръони Каримро дар мактабхонаи русто дар назди шайх Мӯсо Ал-Манташ омӯхт ва дар ёздаҳ солагӣ Қуръонро ҳифз кард. Ӯ сипас барои омӯхтани улуми динӣ ба шаҳри Танта рафт ва дар онҷо ривоятҳои мухталифи Қуръонро дар масҷиди Аҳмадӣ ва дар назди Иброҳим ибни Саломи Моликӣ омӯхт.

Ӯро аз кӯдакӣ "кӯдаки мӯъҷиза" лақаб доданд чаро, ки истеъдоди фавқалоддае дар тақлиди тиловати қорёни бузурги Қуръон ба вижа шайх Муҳаммад Раъфат аз худ нишон дод, ки ба садои ӯ ширинӣ ва ҳаловати хоссе мебахшид. Ӯ ҳамчунин ба хубӣ аз қориёни бузурге монанди шайх Аш-Шашаъй, Муҳаммад Салома ва Ас-Саудӣ тақлид мекард. 

Шайх Маҳмуд Алӣ-ал-Банно, дар соли 1945 ба Қоҳира рафт ва ба зудӣ овозаи шӯҳрати ӯ дар миёни қорён ва машоихи Қоҳира боло гирифт ва сипас ба суръат мақомоти мухталиф ва илми таҷвидро фаро гирифт ва дар соли 1948 ба радиои Миср пайваст ва нахустин тиловати ӯ, қироати сураи муборакаи Ҳуд дар радио дар сентябри ҳамон сол интишор ёфт.

Ӯ мероси гиронқадре аз тиловат барои радиои Қоҳира боқӣ гузоштааст ва ҳамчунин аз дигар осори ӯ тартили кулли Қуръони Карим дар соли 1967 аст ва ҳамчунин барои радиоҳои Арабистон ва Иморот низ ба тиловати Қуръон пардохтааст.

Шайх Маҳмуд Алӣ-ал-Банно, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба тиловат пардохт, аз ҷумла машҳуртарини тиловатҳои ӯ метавон ба тиловат дар Масҷидулақсо ва шуморе аз кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ ишора кард.

Дар идома тиловати оёти 1 то 10 сураи муборакаи Нурро бо садо ва тасвири Шайх Маҳмуд Алӣ-ал-Банно, қории ба номи мисрӣ, ки дар соли 1980 мелодӣ дар масҷиди имом Ҳусайн(а) дар Миср иҷро шудааст, мушоҳида мекунед.

код

https://iqna.ir/fa/news/4156582

captcha