IQNA

Шаҳодат дар Қуръони (4)

Масодиқи шаҳид дар Қуръон

15:49 - November 25, 2024
рақами хабар: 2475
ИКНА - Банно бар ривоёти Набии Акрам (с) агар инсоне дар масири анҷом додани вазифаи илоҳӣ кушта шавад ва ё бимирад, дар ҳукми шаҳид маҳсуб мешавад ва подоши шаҳодатро хоҳад бурд.

Шаҳодат дар фарҳанги дини муқаддаси Ислом ду маънои мутафовит дорад:

Маънои хосси шаҳодат, ҳамон кушта шудан дар маърака ва майдони ҷанг дар роҳи Худоаст. Шаҳид дар ин ҳолат, дорои аҳкоми вижае дар фиқҳи исломӣ аст. Масалан гуфта мешавад шаҳиди ниёз ба ғусл ва кафан надорад, балки бо ҳамон либоси хунин дафн мешавад.

Аммо шаҳодат маънои ом ва густарда низ дорад. Агар инсоне дар масири анҷом додани вазифаи илоҳӣ кушта шавад ва ё бимирад, дар ҳукми шаҳид маҳсӯб мешавад ва подоши шаҳодатро хоҳад бурд. Аз ҳамин рӯ дар ривоёти Набии Акрам (с) чанд гуруҳ ҳастанд, ки шаҳид аз дунё мераванд: нахуст касоне ҳастанд, ки дар роҳи таҳсили илм ва дониш бимиранд. Дувум касе ки дар бистар аз дунё биравад, аммо ба Парвадигори худ ва Паёмбари Акрам (с) маърифат ва имон дошта бошад. Сеюм касе аст, ки барои дифо аз мол ё номӯси хеш дар баробари муҳоҷимон истодагӣ кунад то кушта шавад.

Бинобар ин, касоне ки ақидаи ҳақ дошта ва дар масири ҳақиқат гом бар медоранд ва дар ҳамин роҳ аз дунё мераванд, бар асоси ишораи Қуръони Карим ва ривоёти исломӣ дар зумраи шуҳадо қарор доранд ва аҷри шуҳадоро мебаранд. Худованди Мутаъол дар бораи чунин афроде мефармояд: «وَ الَّذِینَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَ رُسُلِهِ أُولئِکَ هُمُ الصِّدِّیقُونَ وَ الشُّهَداءُ عِنْدَ رَبِّهِمْ لَهُمْ أَجْرُهُمْ وَ نُورُهُمْ» "Ва онон ки ба Худо ва расулонаш имон оваранд, ба ҳақиқат ростгӯёни оламанд ва барояшон назди Худо аҷри шаҳидон аст, подоши аъмол ва нури имонашонро (дар биҳишт) меёбанд" (Ҳдид/19). Ин афрод бано бар ояти Қуръони Карим ҳамнишини Анбиё ва солеҳон хоҳанд буд ва беҳтарини рафоқатро бо онон хоҳанд дошт: «وَ مَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَ الرَّسُولَ فَأُولئِكَ مَعَ الَّذينَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ وَ الصِّدِّيقينَ وَ الشُّهَداءِ وَ الصَّالِحينَ وَ حَسُنَ أُولئِكَ رَفيقاً»  (Нисо /69 ).

https://iqna.ir/en/news/3490716

captcha