Ба гузориши манобеи хабарӣ, 36 соли пеш дар рӯзи 30 ноябри 1988 шайх Абдулбосит Абдуссамад, соҳиби ҳанҷараи тилоии қироат ва маърӯф ба савти Макка даргузашт; қории номадоре ки милюнҳо нафар аз ақсои нуқоти ҷаҳон то ба имрӯз ба таловати ӯ гӯш фародода ва бо савти некӯӣ ӯ унс гирифтаанд.
Абдулбосит аз бузургтарин қориёни Қуръони таърихи ҷаҳони Ислом ба шумор меояд, ки бо садои малакӯтӣ ва мунҳасир ба фардаш, мактаби шохисе дар таловат бунён ниҳод ва манбаи илҳоми ошиқони Қуръон дар ҳамаи ҷаҳон шуд.
Вай дар соли 1927 дар рӯстои «Мароаза» дар шаҳри «Армант»-и устони «Қано» дар Миср мутаваллид шуд ва дар муҳити қуръонӣ парвариш ёфт.
Ториқ Абдуссамад, писари марҳӯм Абдулбосит Абдуссамад дар мусоҳибаи радиёӣ ба муносибат солгард даргузашти падари худ ба зикри хотироташ аз ӯ пардохт.
Вай гуфт ки падараш аввалин қорие буд, ки дар соли 1966, қабл аз вуҷуди ҳаргуна намояндагии диплумотик вориди Африқои Ҷанубӣ шуд ва пас аз он роҳро барои ҳузури қориёни мисрӣ дар Африқои Ҷанубӣ боз кард.
Вай дар мусоҳибаи телефонӣ бо барномаи «Субҳ бахайри Миср» афзуд: дар тули як моҳу ним иқомати падараш дар Африқои Ҷанубӣ ҳаддиақал 100 нафар ба дасти ӯ Ислом овараданд ва ӯ аз ин амр бисёр хушҳол буд. Пас аз он марокизи омӯзиши қироати Қуръони Ал-Азҳар дар онҷо таъсис шуд.
Фарзанди Абдулбосит Абдуссамад идома дод: падарам бо мо меҳрубон буд ва монанди бародару дӯст бо мо рафтор мекард.
Вай афзуд: фарзанди қории бузурги шайх Абдулбосит Абдуссамад будан як мавҳибати илоҳӣ ва барои мо низ масъулияти бузурге аст; тақво, ишқ ба Қуръон ва амал ба он чӣ дар он аст, ки аз ишқ ва эҳтироми ӯ ношӣ мешавад мироси бузурги ӯст. Мардум ба баракати Қуръон ҳануз ҳам моро дӯст доранд ва ёди падарам зинда аст ва онҳо дӯст доранд ҳар рӯз садои ӯро бишинаванд.
https://iqna.ir/fa/news/4251530