IQNA

Ал-Азҳар таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Сурияро маҳкум кард

21:51 - December 11, 2024
рақами хабар: 2555
ИКНА - Ал-Азҳари Миср бо судури баёнияе таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Сурия ва фурсатталабии ин режим аз авзои Сурияро маҳкум кард ва ҳифзи ваҳдати мардуми ин кишварро хостор шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ал-Азҳари Миср дар баёнияе фурсатталабии саҳюнистҳо ва сӯиистифода онҳо аз таҳаввулот дар Сурия барои тасарруфи хоки ин кишварро маҳкум кард ва эъмоли фишори байналмилалӣ ва мавзеъгирии кишварҳои арабӣ ва исломӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши ин ғуддаи саратонӣ дар колбуди уммати Исломиро хостор шуд.

Ал-Азҳар дар ин баёния баҳрабардории саҳюнистҳо аз рухдодҳои Сурия барои тасарруфи хок ва манобеи ин кишварро маҳкум ва эълом кард, ки ин режим ба ғасби арозии кишварҳои минтақа ва ғорати сарватҳояшон ва ба хидмат даровардани манобеи онҳо барои манофеи худ одат дорад.

Ал-Азҳар аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ хост мавозеи ҷиддӣ ва сареъро иттихоз кунанд ва хостори фишори байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши ин саратон ва шуюи он дар колбуди уммати исломӣ шуд.

Ал-Азҳар эълом кард, ки таҳаввулоти Сурияро думбол мекунад ва бар огоҳии мардуми Сурия ва аҳамияти пойбандии онҳо ба ваҳдати кишварашон ва ҳифзи хок ва марзҳояшон таваҷҷуҳ дорад.

Ал-Азҳар бо баёни ин ки бархе аз қудратҳои шарур намехоҳанд Сурия шоҳиди сабот ва шукуфоӣ шавад, аз мардуми Сурия хост то мӯҳтот бошанд ва лаҳзае аз вазъияти кишвари худ ва минтақа ғофил нашаванд. 

Ал-Азҳар нисбат ба нақшаҳои ҳиллагаронаи саҳюнистҳо, ки бо ҳадафи тақсими кишвари Сурия ва дар ҳам шикастани иззати мардуми ин кишвар ва ғарқ кардани онҳо дар ботлоқи даргириҳо ва ҷангҳои дохилӣ иҷро мешавад, ба суриҳо ҳушдор дод.

Ҳамчунин Шӯрои ҳукамои мусулмон ба риёсати Аҳмад Ал-Тайиб, шайхи Ал-Азҳар, аз мардуми Сурия хост, ки садои ақл ва манофеи миллати ин кишварро дар авлавият қарор диҳанд ба гунае, ки ба дастёбӣ ба хостаҳои мардуми ин кишвар кумак кунад.

Аҳмад Ал-Тайиб таъкид кард, ки ин марҳалаи ҳассос дар таърихи Сурия мусталзими талош барои ҳифозат аз кишвар, ҳифзи ваҳдат ва саботи он, ҳифозат аз манобеи он ва адами лағзиш дар ҳарҷумарҷ ва бесаботӣ аст.

Шӯрои ҳукамои мусулмон ҳамчунин тасарруфи минтақаи ҳоил дар баландиҳои Ҷавлон тавассути режими саҳюнистиро маҳкум ва таъкид кард, ки ин иқдом нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва таҳдиди саботи минтақа аст.

https://iqna.ir/00HqYF

captcha