IQNA

Дурахшиши марди 82-сола дар мусобиқоти Қуръони Кувайт

23:15 - December 20, 2024
рақами хабар: 2604
ИКНА - Дабирхонаи Идораи кулли авқофи Кувайт номҳои ғолибони 27-умин даври мусобиқоти саросарии ҳифз ва қироати Қуръони Карим дар Кувайтро эълом кард. Дар миёни ғолибон номи як марди 82-сола низ ба чашм мерасад.

Дурахшиши марди 82-сола дар мусобиқоти Қуръони КувайтБа гузориши ИКНА, ба нақл аз "Ас-Сиёса", Носир Ал-Ҳамад, мудири дабирхонаи Идораи авқофи Кувайт, дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт: дабирхонаи авқоф бо ҳадафи афзоиши шумори ҳофизони Қуръон талоши зиёдеро барои хидмат ба китоби Худо дар ин даври мусобиқот анҷом додааст.

Вай афзуд: ин талошҳо ба хотири нишон додани нақши Кувайт ҳамчун кишвари пешоҳанг дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар хидмат ба Қуръони Карим ва тадбироти ин кишвар барои омода намудани ҳофизони барҷастаи Қуръон, таваҷҷуҳ ба онҳо ва истифода аз тахассусашон дар ин замина анҷом шудааст.

Ал-Ҳамад таъкид кард: шумораи умумии финалистҳои мусобиқоти Қуръони Кувайт 2900 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумор 1330 мард ва 1570 зан буданд. Ҳамчунин, шумораи ғолибони гурӯҳи афроди дорои ниёзмандии хос ба 22 марду зан расид.

Ӯ афзуд: аз муассисаҳои ислоҳу тарбият, ҷавонон ва сокинони марказҳои нигоҳубини иҷтимоии Вазорати кор ва умури иҷтимоӣ низ 21 марду зан ғолиб шуданд. Синни калонсолтарин иштирокчие, ки дар ин мусобиқот ғолиб шудааст, 82 сол буда, ӯ дар гурӯҳи солмандон ширкат кардааст.

Носир Ал-Ҳамад бо ишора ба ин ки Анҷумани малакаомӯзӣ дар Қуръони Карим ва улуми қуръонӣ ҷоизаи муваффақияти умумиро ба даст овард, гуфт: Анҷумани ислоҳоти иҷтимоӣ ғолиби сипари тиллоӣ шуд, сипари нуқраӣ низ ба Анҷумани бонувони "Биёдаруссалом" расид ва Анҷумани "Мабрат ал-Мумтазин" барои хидмат ба улуми қуръонӣ ва динӣ сипари биринҷиро ба даст овард.

https://iqna.ir/fa/news/4255066

captcha