Фаластин танҳо як қитъаи замин нест, балки порае аз ҷони уммати исломӣ ва рамзи ягонагии мусулмонон аст. Ин сарзамин, ки бо хуни ҳазорон шаҳиди мусулмон обёрӣ шудааст, макони нахустин қиблаи Ислом ва ҷои меъроҷи Паёмбари Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мебошад. Фаластин барои ҳар як аз мусулмон маънои бештар аз як ҷои муқаддасро дорад – он таҷассуми муборизаи ҳақ бар зидди ботил, муқовимати адолат бар зулм ва рамзи ваҳдати исломӣ аст.
Фаластин дар таърихи Ислом
Фаластин таърихан як маркази муҳими тамаддуни исломӣ ва пойгоҳи муборизаҳои адолатхоҳона будааст. Аз замони паёмбарони бузург, аз ҷумла Иброҳим (а), Довуд (а) ва Исо (а), то замони кунунӣ, ҳамчун замини муқаддас шинохта мешавад.
Пас аз фатҳи Байтулмуқаддас аз ҷониби мусулмонон ин макон ба як маркази илму маърифат ва ибодат табдил ёфт. Солҳо сипарӣ шуданд, аммо ҳамеша Фаластин ҳамчун як нуқтаи стратегӣ ва мазҳабӣ барои мусулмонон боқӣ монд. Имрӯз ҳам ин сарзамин дар маркази ҷараёни таърих аст ва барои дифоъ аз он ҳар як аз мусулмон масъул ҳастанд.
Фаластин – рамзи ваҳдати уммати исломӣ
Фаластин танҳо як масоили маҳаллӣ ё сиёсии минтақа нест, балки масъалаи ҷаҳонии мусулмонон ва тамоми озодихоҳони ҷаҳон мебошад. Ҳар вақте ки як кӯдаки фаластинӣ кушта мешавад, ҳар вақте ки як масҷиди фаластинӣ вайрон мегардад, ин ба маънои захм хӯрдани тамоми уммати исломӣ аст.
Имрӯз ҳар як аз мусулмон бояд бо тамоми вуҷуд эҳсос кунад, ки дифоъ аз Фаластин дифоъ аз Ислом, озодӣ ва адолат мебошад. Ҳеҷ як режими золим, новобаста аз қудрати низомӣ ва пуштибонии истеъморӣ, наметавонад муқовимати мардумро шикаст диҳад.
Қудси Шариф – майдони ҷанг миёни ҳақ ва ботил
Қудси Шариф на танҳо як шаҳри таърихӣ ва муқаддас, балки майдони муқовимати ҳақ бар зидди ботил аст. Ин шаҳр, ки нахустин қиблаи мусулмонон ва макони меъроҷи Паёмбари Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мебошад, имрӯз зери ишғол ва зулми режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ қарор дорад. Аммо, таърих нишон додааст, ки ҳеҷ гуна ишғол ва истибдод то абад боқӣ нахоҳад монд.
Қудс яке аз муқаддастарин шаҳрҳо барои уммати исломӣ аст. Он дар таърих бо номи “Дари осмонҳо” ёд мешавад, зеро ки дар ин шаҳр Паёмбари Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз Масҷидул-Ақсо ба меъроҷ бурда шуд.
Аз ибтидои таърих то ба имрӯз, Қудс ҳамеша дар маркази муборизаҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ қарор дошт. Аммо, пас аз ишғоли он аз ҷониби режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар соли 1948 ва бахусус ишғоли пурраи Қудси Шариф дар соли 1967, ин шаҳр ба як майдони ситам ва мубориза табдил шуд.
Имрӯз, режими саҳюнистӣ бо пуштибонии қудратҳои ғарбӣ мардуми бегуноҳи Фаластинро мекушад, хонаҳои онҳоро тахриб мекунад ва муқаддасоти исломиро таҳқир менамояд. Ин ишғол танҳо як ҷанги ҳарбӣ нест, балки як набарди фарҳангӣ ва мазҳабӣ низ мебошад, ки ҳадафи он нобуд кардани ҳувияти исломӣ ва таърихи Қудс аст.
Зулми режими саҳюнистӣ дар Қудс ба ин шакл дар ҳоли анҷом аст:
🔹 Куштори мардуми бегуноҳ – Ҳар сол ҳазорон фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакон ва занон, ба дасти нерӯҳои ишғолгар кушта мешаванд.
🔹 Тахриби хонаҳо ва масҷидҳо – Ҳазорон манзили фаластиниҳо хароб карда мешавад, то онҳо маҷбур ба тарки Қудс ва дигар шаҳрҳои Фаластин шаванд.
🔹 Беҳурматӣ ба муқаддасоти исломӣ – Масҷидул-Ақсо пайваста таҳти ҳамлаҳои саҳюнистҳо қарор мегирад. Ҷомеаи мусалмонон аз вуруд ба ин макони муқаддас маҳрум карда мешавад.
🔹 Таҳриф ва ғасби таърих – Режими саҳюнистӣ бо истифода аз расонаҳои ғарбӣ ва қувваҳои сиёсӣ талош дорад, ки таърихи воқеии Фаластин ва Қудсро таҳриф кунад ва онро ҳамчун як қисми “таърихи яҳудиён” нишон диҳад.
Муқовимати мардуми Фаластин – намунаи ҷасорат ва имон
Бо вуҷуди ин ҳама зулму ситам, мардуми Фаластин ҳеҷ гоҳ таслим нашудаанд. Онҳо бо тамоми вуҷуди худ барои ҳифзи сарзамини муқаддаси худ мубориза мебаранд. Ҳатто кӯдакони фаластинӣ бо сангҳо дар баробари тонкҳои ишғолгар истодаанд.
Муқовимати фаластиниҳо ба ҷаҳон нишон дод, ки зулму истибдод наметавонад як миллатро бишканад. Чӣ тавре ки режими апартеид дар Африқои Ҷанубӣ бо муқовимати мардум фурӯ рехт, имрӯз низ режими саҳюнистӣ рӯ ба фурӯпошӣ меравад.
Вазифаи мо ҳамчун мусулмонон
Ҳар як аз мо мусулмон, новобаста аз макону забону миллат, дар баробари Фаластин масъулият дорад. Ин масъулият на танҳо як амри ахлоқӣ ва мазҳабист, балки як вазифаи инсонӣ ва умумибашарӣ мебошад.
1. Дуои доимӣ барои озодии Фаластин
Мусулмонон бояд дар намоз ва дуоҳояшон барои наҷоти Фаластин ва пирӯзии мардуми он дуо кунанд. Қудрати дуо метавонад муҳити ҷаҳониро тағйир диҳад ва барои адолат ва озодӣ дар Фаластин таъсиргузор бошад.
2. Огоҳӣ ва паҳн кардани ҳақиқат
Ҳар як шахс бояд кӯшиш кунад, ки ҳақиқати он чи дар Фаластин мегузарад, ба дигарон расонад. Имрӯз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ василаҳои пурқудрати мубориза мебошанд. Мо набояд иҷоза диҳем, ки тарғиботи ғарбӣ ва расонаҳои саҳюнистӣ воқеиятро таҳриф кунанд ва моро аз ончи дар Фаластин мегузарад дур кунанд.
3. Дастгирии моддӣ ва маънавӣ
Фаластиниҳо ба кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла ғизо, доруворӣ ва кӯмаки молиявӣ ниёз доранд. Бо пуштибонӣ аз созмонҳои хайрияи қонунии фаъол дар ин соҳа, ҳар як шахс метавонад саҳми худро бигузорад.
4. Таҳрими режими саҳюнистӣ
Таҳрими иқтисодӣ ва сиёсӣ яке аз роҳҳои муҳими мубориза бар зидди режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аст. Харид накардан аз ширкатҳое, ки Исроилро дастгирӣ мекунанд, як иқдоми муҳим барои заиф сохтани иқтисоди ин режими мебошад.
5. Иттиҳод ва ҳамбастагӣ
Мардуми Фаластин танҳо нестанд! Иттиҳод миёни кишварҳои исломӣ ва ҳамаи нерӯҳои озодихоҳ метавонад қувваи муқовиматро афзоиш диҳад.
Бинобар ин, Фаластин танҳо як масъалаи маҳаллӣ ё сиёсии минтақа нест, балки масъалаи ҷаҳонии Ислом ва тамоми озодихоҳони ҷаҳон мебошад. Ҳар вақте ки як кӯдаки фаластинӣ кушта мешавад, ҳар вақте ки як масҷиди фаластинӣ вайрон мегардад, ин ба маънои захм хӯрдани тамоми уммати исломӣ аст.
Имрӯз ҳар як аз мусулмон бояд бо тамоми вуҷуд эҳсос кунад, ки дифоъ аз Фаластин дифоъ аз Ислом, озодӣ ва адолат мебошад. Ҳеҷ як режими золим, новобаста аз қудрати низомӣ ва пуштибонии истеъморӣ, наметавонад муқовимати мардумро шикаст диҳад.
Рӯзи пирӯзии Фаластин наздик аст ва ин рӯйдод на танҳо барои мардуми Фаластин, балки барои тамоми уммати исломӣ ва инсоният як пирӯзии бузург хоҳад буд!
https://tajikpress.com/2025/03/28/