Ба гузориши ИКНА ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари муаззами инқилоб, Раҳбари муаззами инқилоби Исломии Эрон субҳи дирӯз, якшанбе 14 урдибиҳишт, дар дидор бо масъулони Ҳаҷ ва гурӯҳе аз зоирони Хонаи Худо, ҳадафи Парвардигор аз воҷиб гардондани фаризаи Ҳаҷро пешниҳоди як улгӯи комил ва роҳнамое барои идораи башарият донистанд ва афзуданд: сохтор ва ҳайати зоҳирии ин фариза комилан сиёсӣ ва муҳтавои аҷзоъи он комилан маънавӣ ва ибодӣ аст, то манфиатҳои ҳамаи башар таъмин шавад. Ва дирӯз бузургтарин манфиати уммати Ислом «иттиҳод ва ҳамгароӣ» барои рафъи мушкилоти ҷаҳони Ислом аст. Агар ин иттиҳод мебуд, мусибаҳое чун Ғазза ва Яман иттифоқ намеафтод.
Раҳбари инқилоб дар идомаи суханони худ, шинохт ва маърифати аҳдоф ва абъоди гуногуни Ҳаҷро барои зоирони Хонаи Худо муқаддимаи адои дурусти ин фаризаи бисёр муҳим шумурданд ва бо истинод ба оятҳои гуногуни Қуръони Карим афзуданд: истифодаи таъбири «нос» дар бисёре аз оятҳои вобаста ба Ҳаҷ нишон медиҳад, ки Парвардигор ин фаризаро барои идораи умури ҳамаи мардум — на танҳо мусалмонон — муқаррар карда ва барпоии дурусти Ҳаҷ хидмат ба башарият аст.
Ишон дар тавзеҳи нуктаҳои шинохтии Ҳаҷ, онро ягона фаризае донистанд, ки шакл ва таркибаш сад дар сад сиёсист, зеро ки мардумро ҳар сол дар як макон ва замони мушаххас барои аҳдофи муайян гирди ҳам меоварад ва худи ин кор моҳияти сиёсӣ дорад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: дар канори шакл ва таркиби сиёсӣ, муҳтавои аҷзоъи Ҳаҷ сад дар сад маънавӣ ва ибодӣ аст ва ҳар як аз ин амалҳо ишораи рамзӣ ва дарсӣ ба масоил ва заруратҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ дорад.
Ишон дар тавзеҳи ин рамзҳо, дарси «тавоф»-ро зарурати давр задан гирди меҳвар ва марказияти тавҳид донистанд ва афзуданд: тавоф ба башар меомӯзонад, ки ҳукумат, зиндагӣ, иқтисод, хонавода ва ҳамаи масоили ҳаёт бояд бар пояи тавҳид бунёд шаванд. Дар ин сурат, дигар аз ин ваҳшиҳо, кӯдаккушиҳо ва тамаъҷӯиҳо хабаре нахоҳад буд ва ҷаҳон ба биҳишт мубаддал мешавад.
Раҳбари инқилоб «саъй байни Сафо ва Марва»-ро ишорае ба ин зарурат донистанд, ки инсон бояд пайваста миёни кӯҳҳои мушкилот саъй ва кӯшиш кунад ва ҳеҷ гоҳ мунтазир, оҷиз ва сардаргум намонад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ «ҳаракат ба сӯи Арафот, Машъар ва Мино»-ро дарсе барои ҳаракати доимӣ ва парҳез аз рукуд донистанд ва афзуданд: «қурбонӣ» низ ишораи рамзӣ ба ин ҳақиқат аст, ки инсон гоҳе бояд аз азизтарини афроди худ гузарад, қурбонӣ диҳад ва ҳатто худаш қурбонӣ шавад.
Ишон «рамйи ҷамарот»-ро таъкиди Парвардигор бар ин нукта донистанд, ки инсон бояд шайтонҳои ҷин ва инсро бишносад ва ҳар ҷо ки шайтонро дид, бизанад ва маҳв кунад.
Раҳбари инқилоб «пӯшидани либоси эҳром»-ро низ нишонаи хузӯъ ва баробарии инсонҳо дар баробари Парвардигор шумурданд ва афзуданд: ҳамаи ин аъмол самтдиҳӣ ба зиндагии башариятанд.
Раҳбари инқилоб бо истинод ба ояте аз Қуръони Карим, ҳадафи «ижтимоъ»-и Ҳаҷ-ро дарки анвоъи манофеи инсонӣ донистанд ва гуфтанд: имрӯз барои уммати Ислом ҳеҷ манфиате болотар аз иттиҳод вуҷуд надорад. Дар сурати иттиҳоду ҳамоҳангӣ ва ҳамгароии уммати Ислом, фоҷиаҳои феълӣ дар Ғазза ва Фаластин иттифоқ намеафтод ва Яман ин гуна зери фишор қарор намегирифт.
Ишон ҷудоӣ ва тафриқаи уммати Исломро заминасоз барои таҳмили манофеъ ва хоҳишҳои мустамаргарон, Амрико, режими саҳюнистӣ ва дигар тамаъкорон бар миллатҳо донистанд ва афзуданд: бо иттиҳоди уммат, амният ва пешрафт ва ҳамгароии кишварҳои исломӣ ва кӯмакҳои онҳо ба якдигар мумкин мешавад ва бояд ба Ҳаҷ аз ҳамин дид нигоҳ кард.
Оятуллоҳ Хоманаӣ нақш ва вазифаи давлатҳои исломӣ, махсусан давлати мизбонро дар тавзеҳи ҳақиқату аҳдофи Ҳаҷ муҳим ва бузург донистанд ва гуфтанд: масъулони кишварҳо, уламо, рӯшанфикрон, нависандагон ва афроди таъсиргузор бар афкори умумӣ вазифадоранд ҳақоиқи Ҳаҷро барои мардум тавзеҳ диҳанд.
Пеш аз суханони Раҳбари инқилоб, Ҳуҷҷатул-ислом Сайид Абдулфаттоҳ Навоб — намояндаи валии фақиҳ дар умури Ҳаҷ ва зиёрат ва сарпарасти ҳоҷиёни эронӣ — шиори Ҳаҷи имсолро «Ҳаҷ: силуки қуръонӣ, ҳамгароии исломӣ ва ҳимоят аз Фаластини мазлум» унвон кард ва барномаҳои ин ниҳодро барои Ҳаҷгузорон дар соли ҷорӣ шарҳ дод.
https://iqna.ir/fa/news/4280119