IQNA

Салавоти хоссаи Имом Ризо (а)

17:07 - May 09, 2025
рақами хабар: 3315
ИКНА - Ривоят шудааст, ки Имом Муҳаммадтақӣ (а) фармудаанд:

«Ҳар кас ин салавотро бар падарам — Имом Ризо (а) бихонад, пеш аз он ки аз ҷояш бархезад, гуноҳонаш бахшида мешаванд.»

Ин салавоти муборак ганҷинае аз раҳмати Илоҳӣ аст ва хондани он — ба вижа дар ҳарами мутаҳҳар — сабаби фарохии ризқ, дафъи бало ва наздикӣ ба даргоҳи Худованди Мутаъол мегардад.

Дар идома, салавоти хосса бар Имом Раӯфро бо оҳанги Мим. Муҳиб ва танзими Маҳдии Шикорчӣ, ки ба ҳиммати Радиёи Сатр мунташир шудааст, мебинед.

Чун ба назди қабри Имом Ризо (а) рафтӣ, бигӯ:

اللّٰهُمَّ صَلِّ عَلَىٰ عَلِيِّ بْنِ مُوسَىٰ الرِّضَا الْمُرْتَضَىٰ الْإِمامِ التَّقِيِّ النَّقِيِّ وَحُجَّتِكَ عَلَىٰ مَنْ فَوْقَ الْأَرْضِ وَمَنْ تَحْتَ الثَّرَىٰ الصِّدِيقِ الشَّهِيدِ صَلاةً كَثِيرَةً تامَّةً زاكِيَةً مُتَواصِلَةً مُتَواتِرَةً مُتَرادِفَةً كَأَفْضَلِ مَا صَلَّيْتَ عَلَىٰ أَحَدٍ مِنْ أَوْلِيَائِكَ.

Худоё, дуруд фирист бар Алӣ ибни Мӯсар-Ризо — Имоми писандида, парҳезкор, покиза ва ҳуҷҷати Ту бар ҳар касе, ки рӯи замин ва зери хок аст — он ростгӯи шаҳид. Дуруде бисёр, комил, пок, пайваста, пайдарпай ва мутадовим, монанди беҳтарин дуруде, ки бар яке аз авлиёи Худ фиристодаӣ.

код

https://iqna.ir/fa/news/4280859

captcha