IQNA

Ҳаҷ дар Қуръон / 9

Пайванди Ҳаҷ бо ойини Иброҳимӣ

21:01 - June 11, 2025
рақами хабар: 3454
ИКНА - Қуръони Карим ба аҳли китоб — ки худро пайравони Иброҳим (а) медонистанд — ёдоварӣ мекунад, ки агар дар ин даъво ростгӯянд, бояд ба сохтмони Иброҳимии Каъба имон дошта бошанд ва онро қиблаи аслии илоҳӣ бидонанд.

Пеш аз оятҳои Ҳаҷ дар сураи Оли Имрон (оятҳои 96–97), ояти мубораки فَاتَّبِعوا مِلَّةَ إِبراهیمَ حَنیفاً وَ ما كانَ مِنَ المُشرِكینَ (Оли Имрон: 95) қарор дорад. Яъне, аз ойини поки Иброҳим пайравӣ кунед — ойине, ки бар асоси тавҳид устувор буд ва ҳеч осоре аз ширк надошт.

Дар тафсири ин пайванди оятҳо омадааст, ки яке аз равшантарин намунаҳои пайравӣ аз миллати Иброҳим (а), бузургдошт ва эҳтироми Каъба ҳамчун қибла ва маҳалли таваффи мӯъминон аст. Бар ҳамин асос, ояти муборакаи «اِنَّ اوّلَ بَیت...» дар идомаи ояти пайравӣ аз Иброҳим (а) омадааст, то аҳли китоб, махсусан яҳудиён — ки худро пайрави Иброҳим медонистанд — ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунанд, ки агар дар даъвояшон содиқанд, бояд ба Каъбаи Иброҳимӣ имон дошта бошанд ва онро қиблаи худ бишуморанд.

Дар воқеъ, Қуръони Карим ба шубҳаҳои аҳли китоб посух медиҳад. Дар фазои оғози Ислом, аҳли китоб ду шубҳаро бар зидди мусалмонон матраҳ мекарданд:

1.     Онҳо насх (барканории ҳукм ва ҷойгузини ҳукми дигар) -ро дар шариати Илоҳӣ ҷоиз намедонистанд ва тағйири қибла аз Байтулмуқаддас ба Каъбаро ботил мешумориданд.

2.     Мусалмононро муттаҳам мекарданд, ки бо нисбат додани ин қибла ба Иброҳим (а), бар ӯ дурӯғ бастаанд.

Посухи Қуръон ба ин ду шубҳа равшан аст:

·        Аввал, насх дар шариати Илоҳӣ ҷоиз ва мумкин аст ва мувофиқи ҳикмати Худованд, ҳукмҳо мутаносиб бо шароити нав тағйир меёбанд.

·        Дуввум, пеш аз он ки ҳазрати Сулаймон (а) Байтулмуқаддасро бино кунад, ҳазрати Иброҳим (а) Каъбаро бунёд карда буд. Пас, қиблаи аввал ва аслии мусалмонон ҳамон қиблаи Иброҳимӣ ва илоҳист.

Аз ин рӯ, рӯй овардан ба сӯи Каъба хуруҷ аз шариат нест, балки бозгашт ба асл ва сирати пайғамбарони илоҳист — ба сӯи қиблае, ки дар он тавафф ва ибодат бо нишонаҳои равшани тавҳид ва ёди Иброҳими Халил (а) таҷаллӣ ёфтааст.

https://iqna.ir/en/news/3493342

captcha