Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Руя ал-ахбари, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Раиси Ҷумҳури Туркия, гуфт: "Чанд нафар бо истифода аз беназокатӣ ва беахлоқӣ таҳқири қабулнашавандае ба Паёмбари бузурги мо анҷом доданд. Ин як амали таҳрикӣ ва нафратангез аст."
Раиси Ҷумҳури Туркия афзуд: "Нирӯҳои амниятӣ ва қудрати қонунгузории мо фавран дар бораи карикатураҳои таҳқиромез амал карданд, маҷаллаи марбутро муваққатан баст ва чораҳои лозимаро шурӯъ карданд."
Эрдуғон гуфт: "Онҳое, ки ба Паёмбари бузурги мо ва ҳамаи Паёмбарон таҳқир мекунанд, дар назди қудрати қонун ҷавобгар хоҳанд буд ва ин мо хоҳем буд, ки ин мавзӯъро пайгирӣ мекунем."
Ҳамчунин, пас аз таҳқири Паёмбари Ислом (с), муътазирон ба кӯчаҳо баромаданд ва бо полис даргир шуданд ва мақомоти кишвар низ амри боздошти масъулони ин маҷалларо содир карданд.
Пас аз он ки маҷаллаи хандовар "Лемон" карикатураи таҳқиромез ба соҳати Паёмбари ислом Муҳаммад (с) нашр кард, прокурорҳо амр ба боздошти масъулони ин маҷалла доданд ва полиси Туркия бо мавҷи эътирозҳо дар кӯчаҳо рӯбарӯ шуд.
Ба гузориши рӯзномаи "Гардиан", дар ҷараёни даргирӣҳое, ки дар шаҳри Истанбул рух доданд, полис бо истифода аз тӯпҳои пластикӣ ва гази ашкбор кӯшиш кард, ки муътазиронро пароканда созад.
Ин даргирӣҳо баъд аз он баланд гирифт, ки прокурори аслии шаҳри Истанбул амр ба дастгирии сардабирон ва масъулони маҷаллаи "Лемон" ба иттиҳоми "таҳқири ошкоро ба арзишҳои мазҳабӣ" дод.
Тунҷай Акгюн, сардабири ин маҷалла, иддао кард, ки карикатураи он маҷалла таҳқиромез набуд ва нодуруст тафсир шуда аст. Вай дар мусоҳиба бо хабаргузории Франс Press гуфт: "Ин карикатура ба ҳеҷ ваҷҳ карикатураи Паёмбари Ислом (с) нест. Мо дар ин карикатура аз номи як шахс
Муҳаммадро барои як мусалмоние, ки дар бомбборонҳои Исроил кушта шудааст, истифода кардем. Дар ҷаҳон дар ҳудуди 200 миллион нафар номи Муҳаммадро доранд. Ин карикатура ягон рабт ба Паёмбари Муҳаммад (с) надорад. Мо ҳеҷ гоҳ ба чунин хатар намерасем."
Ба гузориши рӯзномаи "Гардиан", пас аз маълум шудан дар бораи нашри ин карикатура, эътирозгарон бо хашм ба як маконе дар маркази шаҳри Истанбул, ки одатан кормандони ин маҷалла онро истифода мебаранд, ҳамла карданд ва дар идома бо нирӯҳои полис даргирии шадид доштанд.