IQNA

Баргузории чандин чорабинии байналмилалӣ ба ифтихори 1500-солагии мавлуди Паёмбари Ислом (с)

17:26 - July 14, 2025
рақами хабар: 3586
Муовини корҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки ба муносибати 1500-солагии мавлуди ҳазрати Паёмбари Ислом (с) як қатор чорабиниҳои миллӣ ва байналмилалӣ баргузор мешаванд. Ин чорабиниҳо пас аз тасвиби қатъномаи пешниҳодкардаи кишвари мо дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ роҳандозӣ мешаванд.

Ба гузориши ИҚНО, Козим Ғарибободӣ — муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон — гуфт, ки ба муносибати 1500-солагии мавлуди Паёмбари гиромии Ислом (с) чандин чорабинии миллӣ ва байналмилалӣ баргузор мешавад. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки қатъномаи пешниҳодкардаи Эрон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ қабул гардид.

Ғарибободӣ гуфт, ки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои исломӣ дар нишасте, ки дар шаҳри Истанбул доир шуд, бо якдилӣ пешниҳоди Эронро барои эълон кардани соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ ҳамчун соли ҷашни бузург пазируфтанд.

Дар қатъномаи қабулшуда пешбинӣ шудааст, ки кишварҳои исломӣ барои гиромидошти ин санаи муборак, барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, илмӣ, донишгоҳӣ, расонаӣ, башардӯстона ва хайриявӣ баргузор кунанд, ва бо ин роҳ кӯшиш намоянд, то фаҳми дурусту ростин аз Ислом ва таълимоти Паёмбар (с) ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Муовини вазири хориҷӣ таъкид кард, ки дар ин қатънома кишварҳои исломӣ аҳамияти муаррифии Исломро ҳамчун дини сулҳу оромӣ ва таҳаммулпазирӣ зикр кардаанд ва ҳамчунин нақши Ислом дар пешбурди тамаддуни башар ва таҳкими гуфтугӯву фаҳми байни динҳоро таъкид намудаанд.

Ғарибободӣ гуфт, тибқи ин қатънома, қарор аст чандин чорабинии байналмилалӣ — аз ҷумла дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Женева — баргузор шавад, ва инчунин ин сана ба тақвими расмии ЮНЕСКО дохил карда шавад.

Ӯ илова кард: бо дарназардошти он ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳоддиҳандаи аслии ин ташаббус аст, кишвари мо нақши муҳим ва муассир дар ҷараёни ҳарчи бошукӯҳтар баргузор шудани ин ҷашни бузург дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад дошт.

Инчунин, муовини вазири хориҷӣ гуфт, ки дар дохили кишвар ҳам наздиктарин рӯзҳо барномаҳои гуногун бахшида ба ин санаи муқаддас баргузор мешаванд ва аз созмонҳои мардумӣ ва кулли мардум даъват кард, ки дар гиромидошти ҳарчи зеботари ин рӯзи фархунда саҳм гиранд.

captcha