IQNA

ЮНИСЕФ: Ғазза хатарноктарин ҷой барои кӯдакон дар тамоми дунёст

16:03 - July 21, 2025
рақами хабар: 3619
ухангӯи минтақавии ЮНИСЕФ бо таъкид ба шиддат гирифтани бӯҳрони гуруснагӣ ва камғизоӣ дар Ғазза гуфт: Ғазза ба хатарноктарин макон барои кӯдакон дар ҷаҳон табдил ёфтааст.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Ал-Маядин», Салим Увайс, сухангӯи минтақавии ЮНИСЕФ, дар суҳбат бо ин шабака изҳор дошт:

"Ончи имрӯз кӯдакони Фаластин дар Ғазза аз сар мегузаронанд, фоҷеаомез аст. Ғазза дигар макони амн барои кӯдакон нест – балки хатарноктарин ҷой дар тамоми дунё шудааст."

Увайс гуфт, бо назардошти фоҷеае, ки мардуми Ғазза аз оғози таҷовузи Исроил то имрӯз пушти сар кардаанд, хатари густариши шадиди гуруснагӣ ва камғизоӣ тамоми аҳолиро таҳдид мекунад.

Ӯ афзуд:

"ЮНИСЕФ то ҳол дар дохили Ғазза фаъолият дорад, вале бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯст. Озодии ҳаракат вуҷуд надорад, кумакҳои башардӯстона наметавонанд ба осонӣ ворид шаванд ва ин корро хеле душвор кардааст."

Ба гуфтаи вай, ҳоло тамаркуз асосан ба кумакҳои фаврӣ ва ҳаётбахш равона шудааст.

"Маводи ғизоии зарурӣ барои пешгирӣ аз камғизоӣ тамом шудааст ва ин, саломатии мардум, бахусус кӯдаконро, бадтар кардааст."

Увайс таъкид кард, ки дар моҳи май панҷ ҳазору сад (5100) кӯдак ба далели камғизоӣ ба беморхонаҳо интиқол дода шудаанд ва 470 ҳазор нафар аз сокинони Ғазза аз камғизоии шадид ранҷ мебаранд. Ӯ вазъиятро "ҳадди аксар ва даҳшатнок" тавсиф намуд ва гуфт, тамоми аҳолии Ғазза зери таҳдиди қаҳтӣ қарор доранд.

Франческа Албанез, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, дар як паём дар шабакаи иҷтимоии X (Twitter) навишт:

“Режими саҳюнистӣ бо куштани кӯдакон ва гуруснагӣ додани миллионҳо нафар, ният дорад Фаластиниҳоро аз Ғазза пок кунад.”

Вай илова кард:

“Қаҳтӣ дар Ғазза ба нуқтаи авҷ расидааст. Воқеият он қадар фоҷеабор аст, ки калимае барои тавсифаш вуҷуд надорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷои муқобила, баръакс Исроилро ҳавасманд мекунад. Ғазза имрӯз ба сабаби бетафовутии ҷаҳониён, ба гуристони кӯдакон табдил шудааст.”

Албанез аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки маҳосира ва монеаҳои дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона-ро хотима диҳад ва ҳарчи зудтар барои қатъи ин фоҷеаи башарӣ чораандешӣ кунад.

4295445

captcha