Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, ин изҳорот пас аз он садо дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба маҷмааи калисои “Хонаводаи муқаддас” дар шаҳри Ғазза, се нафар кушта ва теъдоди дигар, аз ҷумла як рӯҳонӣ (коҳин), маҷрӯҳ шуданд.
Поп дар паёми худ гуфт:
"Ман аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунам, ки ба қонунҳои башардӯстона эҳтиром гузорад, аз ҷазои умумӣ, истифодаи беқайду шарт аз зӯр ва ҷой ба ҷо кардани иҷбории мардум худдорӣ кунад."
Пештар, Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) низ ҳамлаи Исроил ба калисои “Сӯмъаи Лотин” дар Ғазза-ро шадидан маҳкум карда, онро “як ҷинояти дигар алайҳи маконҳои ибодат ва мардуми фирорӣ” номида буд.
Дар баёнияи расмии Ҳамос омадааст:
“Ҳадаф қарор додани калисо аз тарафи ишғолгарон, як бахши равшани ҷанги саросарӣ барои нест кардани миллат ва фарҳанги фаластинӣ аст.”
Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед низ эълон кард, ки Доналд Трамп, президенти вақти ИМА, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, нохушнудии сахти худро аз ин ҳамла изҳор намудааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед,
“Трамп ин ҳамларо як иштибоҳи калон номид ва аз Нетаняҳу хост, ки ба таври расмӣ изҳорот диҳад ва тавзеҳ диҳад, ки воқеан чӣ иттифоқ афтодааст.”
4295442