Ба гузориши ТоҷикПресс, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар посух ба қатли рӯзноманигорони фаластинӣ аз ҷониби режими Исроил, дар ҳисоби расмии худ дар барномаи “X” навишт:
“Ин амал нишонаи ваҳшати режими танҳо ва мақруҳест, ки дар масири суқӯт қарор дорад”.
Ӯ илова кард:
“Исроил якчанд рӯзноманигори барҷастаи фаластиниро бо ҳадаф террор кардааст. Оё ин нишонаи қувват аст? Ё нишонаи ваҳшати режими танҳо ва мақруҳи ҷаҳонӣ аст, ки дар масири суқӯт қарор дорад?”
Ироқчӣ таъкид кард:
“Вақте ки ин фоҷиаҳо ба поён мерасанд, ҷаҳониён ҳамдастии давлатҳои ғарбиро ба ёдҳояшон меоваранд. Хомӯшии шармноки онҳо гӯшхарош аст”.
Куштори рӯзноманигорони фаластинии шабакаи Ал-Ҷазира аз ҷониби режими Исроил
Дар ҳамлаи ҳадафноки режими саҳюнистӣ ба хаймаи рӯзноманигорон дар наздикии бемористони Аш-Шифо дар Ғазза, панҷ рӯзноманигори фаластинӣ, аз ҷумла ду нафари аз рӯзноманигорони барҷастаи шабакаи Ҷазира – “Анас Аш-Шариф” ва “Муҳаммад Қурайқаъ”, ҳамроҳи се оператори ин шабака ба шаҳодат расиданд. Артиши Исроил ин ҳамларо тасдиқ карда, даъво намуд, ки Анас Аш-Шариф бо гурӯҳҳои муқовимат пайванд дошт, аммо ин даъвоҳо аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқи башар ва расонаҳои мустақил рад карда шуд.
Вокуниши Ҳамос ба Террори рӯзноманигорони фаластинӣ
Ҳаракати Ҳамос дар аввалин вокуниш ба ин ҷинояти саҳюнистҳо дар ҳамла ба хаймаҳои рӯзноманигорон дар Ғазза таъкид кард: “Шаҳодати Анас Шариф ва Муҳаммад Қурайқа – ду рӯзноманигори Ал-Ҷазира аз ҷониби артиши фашистии душман, ҷинояти ваҳшиёнаест, ки аз ҳама ҳудудҳои фашизм ва ҷиноят берун рафтааст.”
Куштори бераҳмона
Ин ҳамла қисми аз сиёсати систематикии режими саҳюнистӣ барои “хомӯш кардани садои ҳақиқат” ва пешгирӣ аз ошкор кардани ҷиноятҳояш дар Ғазза мебошад.
Ҳадаф қарор додани қасдии рӯзноманигорон, ки зери ҳимояи ҳуқуқи байналмилалии расонаӣ қарор доранд, “ҷинояти ҷангии ошкор” ба ҳисоб рафта, нишондиҳандаи ваҳшати режимест, ки дар масири суқӯт қарор дорад.
Ин амал инчунин “нақзи ошкорои ҳуқуқи башар ва озодии баён” буда, хомӯшии давлатҳои ғарбӣ дар баробари он, ҳамдастӣ дар ҷиноятро нишон медиҳад.
Бо шаҳодати ин рӯзноманигорон, шумораи қурбониёни расонаӣ дар Ғазза аз оғози ҷанг ба “237 нафар” расид, ки бузургтарин қатли омми рӯзноманигорон дар таърихи муосир ба ҳисоб меравад.
https://tajikpress.com/2025/08/12