Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз сомонаи шабакаи ҷаҳонии Кафил, идораи Остони муқаддаси Ҳазрати Аббос (а) рӯзи 24-уми мурдод, омори расмии зоирони Арбаини имсола (соли 1447 ҳ.қ.)-ро нашр кард.
Бар асоси ин гузориш:
Дар рӯзҳои маросими Арбаини имсола, дар ҳудуди Ироқ, беш аз 21 миллион зоир ҳузур доштанд.
Дар муқоиса бо соли гузашта, ки омори зоирон 21 миллиону 480 ҳазору 525 нафар эълон шуда буд, имсол андаке камтар аст.
Барои ҳисоб кардани зоироне, ки ба Карбалои муъаззам ворид мешаванд, Остони муқаддаси Аббосӣ ба як системаи электронии муосир, ки бар асоси ҳуши сунъӣ (AI) фаъолият мекунад, такя мекунад. Ин система гузаргоҳҳо ва дарҳои муҳаррами Ҳазрати Аббос (а) ва роҳҳое, ки зоирон тай мекунанд, назорат мекунад.
Дар ҳамин замина, Кумитаи олии амниятии зиёратҳои миллионнафарии Ироқ хабар дод:
Дар маросими Арбаини имсол, ғайр аз миллионҳо зоири ироқӣ, беш аз 4 миллион зоир аз кишварҳои арабӣ ва хориҷӣ вориди Ироқ шуданд.
Ин кумита афзуд:
Аъзои ду кумитаи амниятӣ ва хидматрасон ба таври миёна ҳар рӯз 20 соат, ва дар маҷмӯъ 420 соат дар давоми 21 рӯз фаъолият карданд, то амният ва хидматгузорӣ ба зоиронро таъмин кунанд.
4300049