Ба гузориши «uz.kursiv.media», Павел Буханов, роҳбари дафтари Маркази содироти Русия дар Ӯзбекистон, гуфтааст, ки Русия ҳаҷми содироти маҳсулоти мувофиқ ба меъёрҳои ҳалолро афзоиш медиҳад.
Буханов зикр кардааст, ки дар чанд соли ахир Русия диққати бештар ба масъалаи гирифтани гувоҳиномаи ҳалол додааст, ки ин барои ворид шудан ба бозори Ӯзбекистон низ талаботи муҳим мебошад.
Ҳоло якчанд ширкат дар Ӯзбекистон назорат мекунанд, ки тамоми равандҳои шаҳодатномадиҳӣ бо риояи муқаррарот анҷом шаванд. Ба гуфтаи Буханов, аксари ширкатҳои русӣ ҳоло талаботи ҳалолро ба назар мегиранд.
Афзоиши 80-фоизаи содироти ғизои ҳалол дар соли 2024
Елена Фастова, муовини аввали вазири кишоварзии Русия, дар як конфронси саноатӣ дар Қазон гуфтааст, ки содироти ғизои ҳалол Русия дар соли 2024 дар муқоиса бо соли гузашта 80 дарсад зиёд шудааст, ва ба 382 миллион доллари амрикоӣ расидааст.
Ба гуфтаи ӯ, гӯшти мурғ беш аз нисфи ин содиротро ташкил медиҳад 211 миллион доллар дар соли 2024, ки дар муқоиса бо 105 миллион доллар дар соли гузашта, ду баробар афзоиш ёфтааст.
Фастова илова кард, ки Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон аз истеъмолгарони асосии ғизои ҳалол Русия ҳастанд. Ҳамзамон, содироти маҳсулоти ҳалол ба Алҷазоир, Кувайт, Урдун ва Миср низ дар ҳоли рушд аст.
Мушкилоти Русия дар системаи гувоҳиномадиҳии ҳалол
Бо вуҷуди ин, Русия ҳанӯз ҳам дар гирифтани шаҳодатномаи стандартҳои ҳалол бо мушкил рӯ ба рӯст. Ба гуфтаи Фастова, ҳоло шаш маркази мухталифи шаҳодатномадиҳии ҳалол дар Русия фаъолият мекунанд, аммо системаи ҷаҳонии ҳалол яксон нест
Арабистони Саудӣ, Аморати Араб, Туркия, кишварҳои ИДМ ва Индонезия ҳар кадом стандартҳои хоси худро доранд.
Ба гуфтаи мақомдорони рус, Русия ҳанӯз дар оғозгоҳи роҳ аст ва талош дорад ба бозори Малайзия, ки системаи мустақили шаҳодатномадиҳии ҳалол дорад, роҳ ёбад.
Ҳукумати Русия пешбинӣ мекунад, ки то соли 2030 содироти ғизои ҳалол аз Русия ҳамасола рушд хоҳад кард.
4300676