Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз Спутник, ҳаводорони Фаластин дар Париж, пойтахти Фаронса дар ҳимоят аз фаластиниҳо ва ҳамбастагӣ бо Ғазза даст ба тазоҳуроти васеъ заданд.
Тазоҳуроткунандагон наслкушӣ ва гуруснагии кӯдакон ва монеъ шудани режими саҳюнистӣ аз вуруди кумакҳои инсондӯстона ба Ғаззаро маҳкум карданд.
Ҳаводорони Фаластин бо сар додани шиор ва боло кашидани парчами Фаластин хостори таваққуфи фаврии таҷовуз ба Ғазза ва хотима додан ба азоби фаластиниҳо шуданд.