IQNA

Исҳоқ Абдуллоҳӣ ба мусобиқаи Қуръонии Русия фиристода мешавад

15:41 - August 24, 2025
рақами хабар: 3769
Исҳоқ Абдуллоҳӣ, қории шинохташуда аз вилояти Қум, ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 23-юмин даври мусобиқаи байналмилалии Қуръони кишвари Русия ширкат мекунад.

Ба гузориши ИҚНО, ин мусобиқаи байналмилалӣ дар фасли тирамоҳ дар шаҳри Маскав баргузор мешавад.

Исҳоқ Абдуллоҳӣ қории барҷаста аз вилояти Қум ва қории ҳарами ҳазрати Маъсума (с) ва масҷиди муқаддаси Ҷамкоран аз тарафи Кумитаи фиристодану даъвати қориён барои ширкат дар ин рақобати ҷаҳонӣ интихоб шудааст.

Соли гузашта, ӯ дар бахши ово (овозхонӣ) дар 47-умин даври мусобиқаи умумимиллии Қуръони Карим, ки аз тарафи Созмони авқоф ва корҳои хайр баргузор шуд (моҳи озари соли 1403 ҳ.ш / Табриз), ҷойи панҷумро дар бахши "Қироати таҳқиқ" барои мардон ба даст овард.

Исҳоқ Абдуллоҳӣ омӯзгори Қуръон аст ва ҳамчунин ҷойи аввалро дар мусобиқаҳои сатҳи кишварии ташкилоти Басиҷ ва Ҳилоли Аҳмар соҳиб шудааст. Аз дигар дастовардҳои ӯ дар саввумин даври мусобиқаи байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Карим бо номи "Ҷоизаи Карбало", ҳамчун намояндаи ҳарами ҳазрати Маъсума (с), ҷойи чаҳорумро дар риштаи "Қироати таҳқиқ" ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи соли гузашта 22-юмин даври мусобиқаи байналмилалии Қуръони Русия Муҳаммадрасул Такбирӣ, ҳофизи кулли Қуръон, ҳамчун намояндаи Эрон иштирок дошт. Гарчанде шоиста буд, мутаассифона натавонист ба ҷойи намоён даст ёбад.

Дар мусобиқаи имсолаи Русия, Эрон танҳо дар риштаи қироати Қуръон намоянда хоҳад фиристод.

Дар поён, филми қироати Исҳоқ Абдуллоҳӣ дар даври финалии 47-умин мусобиқаи умумимиллии Қуръони Каримро тамошо мекунем:

код

4301268

captcha