Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз рӯзномаи "Уқоз", Шайх Башир Аҳмад Сиддиқ рӯзи панҷшанбе — дар синни 90 солагӣ аз дунё гузашт.
Шайх Башир дар Ҳиндустон таваллуд шуда буд ва дар ҷавонӣ ба шаҳри Мадина кӯчида, тамоми умрашро ба таълими Қуръони Карим ва қироати он дар Масҷидуннаби бахшид.
Гурӯҳе аз қориёни маъруфи Қуръон, аз ҷумла Шайх Муҳаммад Аюб ва Шайх Алӣ Ҷобир — ки ба тартиб дар Масҷидуннаби ва Масҷидул Ҳаром (дар Макка) имомат мекарданд — аз шогирдони ӯ буданд.
Шайх Башир бо сабаби омӯзиши дақиқи ривоятҳо ва риояи сахтгирона ба санад ва аснод шӯҳрат дошт ва ҳамин чиз ӯро ба яке аз манбаъҳои боэътимоди илми қироати Қуръон табдил дода буд.
Хабари вафоти ӯ субҳи рӯзи панҷшанбе расман эълон шуд ва баъди намози субҳ дар Масҷидуннаби барои ӯ намози ҷаноза хонда шуд. Гурӯҳи зиёде аз уламо ва толибилмон дар маросими ҷанозааш иштирок карданд.
4308395