Ба нақл аз "Ал-Ҷазира", Рим Абу Уда — духтари ҷавони фаластинӣ — бо вуҷуди бомбаборон ва вайрониҳои зиёд дар шаҳри Хон Юнус, дар навори Ғазза, тавонист дар рӯи кати бемористон ва бо ҷароҳатҳои сахт тамоми Қуръонро азёд кунад.
Рим ба "Ал-Ҷазира" гуфтааст, ки роҳи ҳифзи Қуръон барои ӯ як роҳи зебо ва ҳамзамон пур аз душвориҳо буд. Ӯ гуфт, ки мехост ин амали некро ба рӯҳи модари шаҳидаш бахшад — ҳарчанд захмҳои сахт бисёр хасташ мекарданд.
Ӯ афзуд: “Қасд доштам рӯзи вафоти модарам — 24-уми август соли гузашта — Қуръонро пурра ҳифз карда бошам, вале 22-уми август маҷруҳ шудам. Барои ҳамин, баъдтар тавонистам онро ба охир расонам. Худоро шукр, ки Қуръонро ҳифз кардам.”
Дар бораи маҷруҳ шуданаш Рим мегӯяд, ки ба минтақае паноҳ бурда буд, ки ишғолгарон онро “амн” эълон карда буданд, вале як хаймаи назди онҳо ҳадафи бомбаборон қарор гирифт ва дар натиҷаи таркиш ҷароҳатҳои сахт бардошт — порчаи снаряд шиками ӯро захмӣ кард. Муолиҷаи ӯ тақрибан як моҳ тӯл кашид.
Хоҳараш — Сафо Абу Уда — мегӯяд, ки Рим дар ҳамон ҳолати хобида дар кат, Қуръонро хотима дод. Ӯ гуфт: “Рим дар ҳоле ки дар бемористон буд, Қуръон мехонд. Табибон аз сабру қуввати ӯ дар ҳайрат буданд.”
Рим аз хоҳараш — ки ӯро такягоҳ ва ҳама чизаш медонад — изҳори миннатдорӣ кард. Ҳоло вай барои имтиҳонҳои мактаби миёна омодагӣ мебинад ва таъкид мекунад, ки Қуръон сабаби аслии истодагарӣ ва умеди ӯ дар ин ҷанги ваҳшиёна шудааст.
Ӯ барои сабру тоқат ва заҳматаш дар роҳи ҳифзи Қуръон дар маркази “Ҳабиб Муҳаммад” дар Ғазза қадрдонӣ шуд.
4308427