IQNA

Арабистон муҳлати эътибори визаи умраро то як моҳ кам кард

21:22 - October 31, 2025
рақами хабар: 4058
Мақомотҳои Арабистони Саудӣ аз ворид шудани тағйиротҳои нав дар низоми додани визаи умра хабар доданд. Бар асоси ин қарор, муҳлати эътибори визаи умра аз се моҳ ба як моҳ аз рӯзи содиршавӣ кам карда шудааст.

Ба гузориши ИҚНО, шабакаи RT навиштааст: тибқи гуфтаи манбаъҳои саудӣ, агар зиёраткунанда дар давоми 30 рӯз баъди содир шудани виза вориди Арабистон нашавад, визаи ӯ ба таври худкор бекор мешавад. Иҷрои ин қарор аз ҳафтаи оянда оғоз меёбад.

Ҳамин манбаъҳо таъкид карданд, ки муҳлати иқомати зиёраткунандагон пас аз ворид шудан ба Арабистон тағйир намеёбад ва ҳамон се моҳ боқӣ мемонад.

Ин қарор дар чорчӯби омодагиҳои Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистон барои идораи афзоиши назарраси шумораи зиёраткунандагони умра гирифта шудааст бахусус баъд аз поёни фасли тобистон ва паст шудани ҳарорат дар Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара. Ҳадаф аз ин тасмим танзими ҷараёни воридшавии зиёраткунандагон ва пешгирӣ аз издиҳом дар ду шаҳри муқаддас аст.

4313838

captcha