
Ба гузориши ИҚНА, ба нақл аз "Алалука", масҷиди чӯбии шаҳри Гродно, ки соли 1884 бунёд ёфтааст, рамзи имон ва ҳувияти ҷомеаи хурди мусалмонон аст, ки тавонистанд бо вуҷуди шароити душвори таърихӣ, ин мероси исломиро то имрӯз ҳифз кунанд.
Дар тӯли 150 соли гузашта ин масҷид ҳамеша фаъол будааст ва насл ба насл дар он намоз хондаанд. Ҷомеаи мусалмонони ин шаҳр, ки танҳо тақрибан 500 нафар аз 6900 нафар аҳолии онро ташкил медиҳанд, ба таври вижа аз ин масҷид нигоҳубин мекунанд ва онро бахше аз ҳувияти худ мешуморанд.
Меъмории масҷид омезае аз сабки суннатии маҳаллӣ ва унсурҳои ҳунарии содда аст, ки ба он намуди ҳамзамон асил ва зебо мебахшад. Дар дохили масҷид бахшҳои ҷудогона барои намози мардон ва занон ҷой дода шудааст, ва сохтори соддаи чӯбии он тарзи зиндагӣ ва меъмории ҷомеаҳои мусалмони қадимии Аврупоро нишон медиҳад.
Ин масҷид ҳамчунин ба сабаби хусусиятҳои вижаи меъморӣ ва арзиши таърихии худ сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб мекунад.
Шайх Шабанович, узви Ҷамъияти Исломии Белорус, таъкид намуд, ки масҷиди чӯбии шаҳри Гродно имрӯз на танҳо макони ибодат, балки маркази муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоии мусалмонон дар кишвар аст. Ба гуфтаи ӯ, ба зудӣ дар канори ин масҷид як маркази нави омӯзишиву фарҳангӣ низ ифтитоҳ хоҳад шуд, то робитаи ҷомеаи маҳаллиро бо масҷид боз ҳам мустаҳкамтар гардонад.
4315706