IQNA

Ифтитоҳи 70 шӯъбаи нави Муассисаи ҳифзи Қуръонии ал-Азҳар дар Миср

6:11 - November 11, 2025
рақами хабар: 4099
Масҷиди ҷомеи ал-Азҳар хабар дод, ки 70 шӯъбаи нави Муассисаи ҳифзи Қуръони ал-Азҳар дар шаҳрҳои нави Миср кушода шудааст.

Ба гузориши “ИҚНО” аз “Ал-Муъашир”, ин шӯъбаҳои нав бо ҳадафи густариши омӯзиши динӣ ва ҳифзи Қуръон таъсис ёфтаанд. Пас аз муваффақияти платформаи байналмилалии омӯзиши дури Қуръон, ин иқдом барои посухгӯӣ ба ниёзҳои онҳое, ки мехоҳанд омӯзиши рӯбарӯ дошта бошанд, вале дар минтақаи онҳо чунин муассисаҳо нест, амалӣ шудааст.

Ҳадафи асосӣ аз ин кор — осон кардани ҳифзи Қуръон ва фароҳам овардани дастрасии сокинони ин маҳалҳо ба омӯзиши улуми динӣ мебошад. Ин муассисаҳо бо роҳнамоии шайх Аҳмад ат-Тайиб, шайхи ал-Азҳар, ки таваҷҷуҳи махсус ба густариши шӯъбаҳои Қуръонии ал-Азҳар дар саросари Миср дорад, таъсис дода шудаанд.

Абдулмуниъм Фуод, нозири кулли муассисаҳои ал-Азҳар, гуфт: “Ифтитоҳи шӯъбаҳои нав пули иртибот байни шаҳрҳои нав ва андешаи миёнараву мутадили ал-Азҳар аст.”

Ӯ афзуд: “Мо кӯшиш дорем, ки хидматҳои босифати таълимиро дар соҳаи ҳифзи Қуръон ва улуми қуръонӣ пешниҳод кунем, бе ҳар гуна андешаҳои ифротӣ, то ҷавонону фарзандони худро аз ифротгароӣ эмин нигоҳ дорем.”

Дар ҳамин робита, Ҳонӣ Уда, волии Масҷиди ҷомеи ал-Азҳар, гуфт: “Раванди таълим дар шӯъбаҳои нав мувофиқи меъёрҳои сифат ва дақиқие хоҳад буд, ки дар Муассисаи ҳифзи Қуръони Масҷиди ҷомеи ал-Азҳар риоя мешавад.”

Ӯ таъкид кард: “Ифтитоҳи ин шӯъбаҳо барои ҳазорҳо нафаре, ки орзуи ҳифзи Қуръон ва шинохти наздики улуми динӣ ва дунявиро доранд, роҳҳои васеътар мекушояд.”

4315907

captcha