«Босим Наъим», узви дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, таъкид кард, ки кушторҳои имрӯзии артиши режими саҳюнистӣ дар Ғазза, бахусус ҳадаф қарор додани раиси полиси шаҳри Ғазза, паёми оташине ба кафилони тавофуқ мебошад.
Бино ба гузориши икна ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, вай афзуд, ки ин иқдомот дар амал мавқеи эъломшудаи Бенямин Нетаняҳуро дар мавриди мухолифат бо харитаи роҳи пешниҳодшуда, ки намояндагони «Шӯрои сулҳ» дар бораи он бо гурӯҳҳои фаластинӣ музокира карда буданд, тасдиқ мекунад. Ин гурӯҳҳо бо вуҷуди душвор будани муқаррароти он, харитаи роҳро пазируфта буданд.
Наъим таъкид кард, ки идомаи чунин вазъ ба маънои таслим шудан дар баробари барномаи интихоботии Нетаняҳу хоҳад буд.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) низ бо нашри баёнияе, куштори полковник Ҷамол Абӯкамил, раиси полиси ғайринизомии вилояти Ғазза, аз ҷониби артиши «Исроил»-ро маҳкум кард. Ин ҷунбиш ин иқдомро ҷинояти ваҳшиёна ва фиребкорона тавсиф намуда, гуфт, ки он моҳияти ишғолгари ҷинояткорро ошкор месозад.
Дар баёния омадааст: «Амалиёти террории артиши ҷинояткори “Исроил” алайҳи раиси полиси ғайринизомии вилояти Ғазза, полковник Ҷамол Абӯкамил, ба маънои исрор бар идомаи ҷиноятҳои ваҳшиёнаи ишғолгарон алайҳи мардуми Фаластин ва идомаи талошҳои фашистӣ ва ноумедонаи онҳо барои эҷоди бесарусомонӣ ва беқонунӣ дар Навори Ғазза мебошад.»
Ҳамос таъкид кард: «Ин ҷинояти ваҳшиёна ва фиребкорона ҳақиқати ишғолгари ҷинояткор ва сиёсати онро, ки ҳадафаш идомаи ҷанги наслкушӣ, амиқтар кардани фоҷиаи башарӣ дар Навори Ғазза ва кашондани он ба ҳолати бесарусомонӣ мебошад, ошкор месозад. Ин як ҷинояти комили ҷангӣ ба ҳисоб меравад.»
Ин ҷунбиш дар поёни баёнияи худ аз миёнравон хост, ки барои таваққуфи фаврии нақзи пайдарпайи тавофуқ аз ҷониби “Исроил”, ба ҷавобгарӣ кашидани он ва водор кардани ин режим ба риояи фаврии муқаррароти созишномаи оташбаси Шармушшайх дар Навори Ғазза иқдомоти фаврӣ анҷом диҳанд.
4369655