IQNA

23:34 - August 15, 2026
рақами хабар: 4955

Ҷамъомади мардуми Яман дар вокуниш ба таҳқири Қуръони Карим аз ҷониби саҳюнистҳо ва амрикоиҳо

Шаҳри Замор дар Яман шоҳиди ҷамъомади бузурги мардумӣ дар маҳкумияти таҳқирҳои такрории саҳюстӣ-амрикоӣ нисбат ба Қуръони Карим буд.

Бино ба гузориши икна ба нақл аз вебгоҳи «Ансоруллоҳ», дар шаҳри Замор ҷамъомади бузурги мардумӣ баргузор шуд, ки иштироккунандагон таҳқирҳои такрории амрикоӣ-саҳюнистӣ нисбат ба Қуръони Каримро маҳкум ва рад карданд.

Иштироккунандагони ин ҷамъомад дар баробари раҳбарони иҷроия ва маҳаллӣ, инчунин шахсиятҳои иҷтимоӣ, амалҳои афроди вобаста ба режими саҳюнистиро, ки даст ба ин иқдоми таҳрикомез зада ва эҳсосоти мусулмонони ҷаҳонро ҷароҳатдор мекунанд, маҳкум намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки таҳқири китоби Худо нақзи ошкори муқаддасоти динҳо ва таҷовузи рӯирост ба маконҳои муқаддаси исломӣ мебошад.

Дар баёнияе, ки аз ҷониби иштироккунандагони ин ҷамъомад содир шуд, таъкид гардид, ки таҳқири ахири амрикоӣ-саҳюнистӣ нисбат ба Қуръони Карим бахше аз муборизаҳои душманонаи созмонёфта ва ошкори яҳудиён тавассути ҷунбиши саҳюнистӣ ва раҳбарони куфр алайҳи Ислом ва мусулмонон мебошад.

Дар бахши дигари ин баёния таъкид шудааст, ки ин иқдомот бахше аз талошҳои яҳудиён ва муттаҳидони онҳо дар Ғарби кофир барои амалӣ кардани тарҳи шайтонии саҳюнистӣ аст, ки пеш аз ҳама уммати исломиро ҳадаф қарор медиҳад ва барои тамоми башарият хатари ҷиддӣ ба шумор меравад.

Дар ин баёния бо шадидтарин ибораҳо ин амалҳои зишти саҳюнистӣ-амрикоӣ, ки бахше аз силсилаи ҳамлаҳои идомадор алайҳи Қуръони Карим муқаддастарин китоби осмонӣ бар рӯи замин мебошанд, маҳкум карда шуданд. Ин иқдомҳо душмании ошкору рӯирости онҳоро бо Қуръони Карим ва арзишҳо, усул ва ахлоқе, ки дар он таҷассум ёфтааст, нишон медиҳанд.

Дар баёния ҳамчунин бар пойбандии мардуми Яман ба Қуръони Карим ва ҳидоятҳои устувори он, инчунин ҳимояти бечунучарои онҳо аз ормони Фаластин, раҳоӣ аз ҳокимияти қудратҳои истикбории ҷаҳонӣ ва мубориза барои истиқлол бо ҳадафи хотима додан ба таҷовуз, муҳосира ва ишғол таъкид шудааст.

4369623

captcha