Бар асоси натиҷаҳои эълоншуда дар як гузориши ҳуқуқи башар, мусулмонони Ҳиндустон дар соли 2026 аз лиҳози сабти мавридҳои хушунатӣ яке аз бадтарин давраҳоро паси сар мекунанд.
Бино ба гузориши икна ба нақл аз «Ахбор аш-Шиа», як гузориши ҳуқуқи башар, ки ахиран нашр шудааст, нисбат ба афзоиши хушунат ва муносибати бад алайҳи мусулмонони Ҳиндустон дар соли 2026 ҳушдор додааст. Гузориш нишон медиҳад, ки ин сол метавонад аз замони оғози сабти омор дар соли 2022 ба маргбортарин сол табдил шавад. Дар ин гузориш ба даҳҳо мавриди кушта шудан, ҳазорҳо боздошт ва тахриби хонаҳо, биноҳо ва маконҳои мазҳабӣ ишора шудааст.
Тибқи омори нашршуда аз ҷониби Torture Tracker India, аз оғози сол дастикам 44 мусулмон кушта шудаанд. Аз ин шумор, 19 нафар дар ҳодисаҳое кушта шудаанд, ки масъулияти онҳо ба неруҳо ва ниҳодҳои давлатӣ нисбат дода шудааст. 25 нафари дигар дар ҳамлаҳои издиҳомии дорои ангезаи мазҳабӣ, ки ба тундравони ҳинду нисбат дода шудаанд, ҷони худро аз даст додаанд.
Дар гузориш омадааст, ки танҳо дар моҳҳои май то июл 25 мусулмон кушта шудаанд. Аз ин миён, 15 нафар ба дасти полис ё неруҳои амниятӣ ва 10 нафар дар ҳамлаҳое кушта шудаанд, ки ба гурӯҳҳои тундрави ҳинду нисбат дода шудаанд. Дар миёни қурбониён як духтари 11-сола ва як писари 16-сола низ ҳастанд.
Ин гузориш таъкид мекунад, ки нақзи ҳуқуқҳо танҳо ба куштор маҳдуд намешавад, балки боздоштҳои дастаҷамъӣ, марг дар боздоштгоҳ, тахриби хонаҳо, масҷидҳо ва дигар маконҳои мазҳабӣ, инчунин ихроҷ ва кӯчонидани иҷборӣ-ро низ дар бар мегирад. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки чунин иқдомҳо бахусус дар иёлатҳои Уттар-Прадеш, Ассам, Кашмир ва Банголи Ғарбӣ бештар ба назар мерасанд.
Тибқи омор, дар ҳадди ақал 21 ҳодисаи ҷудогона дар ҳашт иёлат, беш аз 1000 хона, маҳалли тиҷоратӣ ва бинои мазҳабии исломӣ тахриб шудаанд. Дар муддати камтар аз ду моҳ дастикам 23 бинои мазҳабии исломӣ дар шаш иёлат вайрон карда шудаанд. Ин боис шудааст, ки шумораи умумии хонаҳо, дӯконҳо ва маконҳои мазҳабии мусулмонон, ки аз оғози соли 2026 тахриб шудаанд, ба зиёда аз 3000 расад.
Дар Кашмир, гузориш боздошти беш аз 2500 нафарро дар зарфи 48 соат пас аз як ҳамлаи мусаллаҳона дар моҳи июл ва ҳамчунин тахриби хонаҳои ду хонавода бо истифода аз маводи мунфаҷира ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. Гузориш инчунин боздоштҳои ҳадафмандонаи мусулмононро дар чандин иёлат дар ҷараёни эътирозҳои донишҷӯён ба таври муфассал шарҳ медиҳад.
Ин гузориш ҳамчунин тағйирот дар барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, равандҳои тасдиқи шаҳрвандӣ ва низоми саҳмиябандӣ (квотаҳо)-ро мавриди интиқод қарор дода, аз коҳиши буҷаи марбут ба умури ақаллиятҳо ва мактабҳои мазҳабии исломӣ ёдовар шудааст. Дар гузориш инчунин ба хориҷ шудани 77 ҷомеаи мусулмон аз низоми квотаҳо дар яке аз иёлатҳо ишора шудааст.
Муаллифони гузориш ҳушдор додаанд, ки идомаи чунин таҳаввулот метавонад ҳисси беҷазоӣ-ро тақвият диҳад, бахусус дар ҳолатҳое, ки афсарони полис ё чеҳраҳои бонуфузи сиёсӣ ба даст доштан дар нақзи ҳуқуқҳо ва бадрафторӣ муттаҳам мешаванд.
Онҳо хостори таъмини ҳимояи мусулмонон ва дигар ақаллиятҳои мазҳабӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, мазҳабӣ ва қонунии онҳо шудаанд.
4369593