
Бино ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Алқоҳира 24», барномаи «Давлати Тиловат» як мусобиқаи бузурги истеъдодёбӣ дар тартилингу қироати Қуръон дар Миср аст, ки бо ҳамкории Вазорати авқоф ва ширкати хидматҳои расонаии «Мутахида» тавлид шудааст. Ҳадафи он шиносоии истеъдодҳои нав ва муаррифии қориёни барҷаста аз вилоятҳои мухталифи кишвар мебошад.
Қисмҳои аввал ва дуюми ин барнома рӯзи ҷумъа ва шанбеи гузашта — 23 ва 24-уми обон — аз шабакаҳои моҳвораии Миср пахш шуд. Баъд аз намоиши аввалин бахшҳо, таваҷҷуҳи мухлисони Қуръон дар ҷаҳони араб ба он ҷалб гардид. Бо вирол шудан (бисёр паҳн шудан)-и қисматҳои гуногуни ин барнома, бинандагон аз кишварҳои арабӣ монанди Кувайт, Урдун ва Қатар низ ба тамошобинони он ҳамроҳ шуданд.
Қарордиҳии дидании қории байналмилалӣ аз Англия бо иштирокчии навраси мисрӣ
Яке аз бахшҳои барнома ба тиловати муштарак ва бисёр зебое ихтисос дошт, ки дилҳои бисёреро тасхир кард ва тамошобинонро ба ҳаяҷон овард. Ин тиловат миёни Муҳаммад Аюб Осиф — қории маъруфи бритониёӣ — ва Муҳаммад Ҳасан Қаллоҷӣ — иштирокчии 12-солаи мисрӣ, ки «Муҷизаи Шарқи Миср» лақаб дорад — анҷом шуд. Ин ду қори дар миёни ташвиқу тамалуқи ҳайати доварон ва ҳозирин бо ҳам рақобат карданд. Лаҳзае баъд аз пахши ин бахш, ҳамин ҳамовозӣ дар саҳифаҳои гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ низ идома ёфт, то ҷое ки корбарони зиёди арабзабон ба муқоисаи ин ду фонӣ пардохтанд, ҳарчанд ҳамаи онҳо бар бузургии тиловати ҳарду иттифоқ доштанд.
Муҳаммад Аюб Осиф — қории маъруф аз Англия, ки аслан покистониасл аст — ҳамчун меҳмони ифтихорӣ дар қисматҳои гуногуни барнома ҳузур меёбад ва шаш тиловати муштаракро бо иштирокчиён иҷро мекунад. Ӯ пас аз даҳ соли омӯзиш дар Қоҳира ва омӯхтани усул ва қоидаҳои қироат дар мақомҳои мухталиф, дар Миср ва ҷаҳони араб шӯҳрати зиёд пайдо кардааст. Аюб фаъолияти худро дар оғози зиндагӣ дар клуби футболи «Арсенал»-и Англия оғоз намуд, аммо сипас роҳи худро ба сӯи қироати Қуръон идома дод.
Иҷрои пурмаҳорат аз ҷониби қории нобино ва ҳофизи 19-сола
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Муҳаммад Аҳмад Ҳасан — қории нобино ва ҳофизи 19-солаи Қуръон — дар ин барнома иҷрои бисёр диданӣ доштааст, ки боис ба таъаҷҷубу таҳсини доварон ва тамошобинон гардидааст.
Ин ҳофизи нобино бо садои ширин ва форамаш оятҳое аз сураи Юсуфро тиловат карда, мавқеи худро ҳамчун яке аз садоҳои умедбахши насли ояндаи ҳунари қироати Қуръон собит намуд. Ӯ аз се-солагӣ ҳифзи Қуръонро оғоз кард ва дар ҳашт-солагӣ бо кӯмаки хонавода ва устодонаш, ки истеъдод ва малакаи ӯро дар қоидаҳои таҷвид шинохта буданд, ҳофизи кулли Қуръон шуд.
Тренд шудан дар “Икс” ва Google
Барномаи «Давлати Тиловат» дар шабакаи иҷтимоии «Икс» ва низ дар Google тренд шудааст ва дар феҳрасти барномаҳои пурбинандаи Миср ва чанд кишвари арабӣ — аз ҷумла Кувайт, Қатар ва Урдун — дар мавқеи аввал қарор гирифтааст.
Ситоиши Маркази назорати мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар
Маркази назорати мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар дар баёнияе бо ситоиши ин барномаи телевизионии Миср таъкид намуд: «Ин барнома ҷойгоҳи таърихии Мисрро дар парвариши соҳибони садоҳои Қуръонӣ баён мекунад».
4317246