
Тибқи гузориши ИҚНО ба нақл аз «Халиҷ Онлайн», ин ниҳод дар баёнияи худ гуфтааст, ки теъдоди зиёраткунандагон дар моҳи Ҷумодул-аввал ба 66 миллион 633 ҳазор 153 нафар расидааст, ки нисбат ба моҳи гузашта — Рабиъус-сонӣ — 12 миллион 121 ҳазор 252 нафар бештар мебошад.
Раёсат иттилоъ дод, ки теъдоди намозгузорон дар Масҷидул-Ҳаром ба 25 миллион 987 ҳазор 679 нафар расидааст, ки аз ин шумор 100 ҳазор 489 нафар дар «Ҳаҷари Исмоил» (девори нимдоира паҳлуи Каъба) намоз гузоштаанд. Ҳамчунин, шумораи умрагузорон ба 13 миллион 972 ҳазор 780 нафар расидааст.
Дар баёнӣ омадааст: теъдоди намозгузорон дар Масҷидун-Набавӣ дар моҳи Ҷумодул-аввал ба 23 миллион 296 ҳазор 185 нафар расидааст, ки аз ин шумора 912 ҳазор 695 нафар дар «Равзаи Шариф» ибодат кардаанд. Ҳамчунин, миқдори зиёраткунандагони мақбараи Паёмбар (с) ба 2 миллион 363 ҳазор 325 нафар расидааст.
Раёсати кулли нигоҳдорӣ аз Ҳарамайни Шарифайн мегӯяд, ки барои назорат ва ҳисобгирии теъдоди намозгузорон ва зиёраткунандагон дар дарвозаҳое, ки ба ин ду ҳаром ворид мешаванд, аз технологияи пешрафтаи ҳассосиятсанҷҳо истифода мешавад.
Ин иқдом бо ҳадафи боло бурдани самаранокии идорӣ, назорат ва пайгирии ҷараёни ҳаракати мардум ва кӯмак ба мақомот дар идораи беҳтари он амалӣ мегардад.
4319495