IQNA

Раиси порлумони Покистон: Мусобиқаҳои байналмилалӣ рамзи ваҳдати исломист

12:12 - December 01, 2025
рақами хабар: 4172
Раиси Маҷлиси Покистон мусобиқаҳои байналмилалии Қуръонро рамзи ваҳдати мусалмонон хонд ва илова кард, ки ин китоби муборак қонуни комили зиндагист, ки инсониятро аз торикии ҷоҳилӣ берун овардааст.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз Brecorder, Сардар Аёз Содиқ, раиси Маҷлиси Миллии Покистон, мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон дар Исломободро рамзи ваҳдат дар ҷаҳони Ислом тавсиф кард.

Ӯ, ки дар ҳошияи мусобиқаи байналмилалии тиловати Қуръон дар Исломобод суханронӣ мекард, гуфт, иштирок дар чунин гирдиҳамоии маънавӣ ва пурбаракат барои ӯ фахр ва баракат аст.

Аёз Содиқ аз ҳузур дар ин рӯйдоди муқаддас изҳори хушнудии зиёд карда, аз иштироки қориён аз 36 кишвар ситоиш намуд ва гуфт, ки ин воқеан шоистаи қадрдонист. Ӯ афзуд, ки ин мусобиқа на танҳо нишон додани маҳорат дар тиловати Қуръони Карим аст, балки рамзи пуриқтидори ваҳдат дар ҷаҳони Ислом мебошад.

Ӯ аз Сардор Юсуф, вазири умури мазҳабии федералӣ, барои даъваташ ба ин маросими муборак сипосгузорӣ карда, гуфт, ки ин ҷамъомад нишонаи эҳтироми муштараки уммати Ислом ба Қуръони Карим аст.

Раиси Маҷлиси Покистон бо таъкид бар аҳамияти Қуръони Карим гуфт, ки ин китоби муқаддас қонунномаи комили зиндагист, ки инсониятро аз торикии ҷаҳолат раҳо кардааст.

Содиқ ҳамчунин барои тамоми қориёни меҳмон аз кишварҳои гуногуни исломӣ барори кор орзу карда, аз талошҳои онҳо дар пешбурди ҳунари тиловати Қуръон қадрдонӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, Покистон бо мизбонӣ кардани ин чорабинӣ мекӯшад, ки суннатҳои фарҳангӣ, маънавӣ ва мазҳабии худро ба намоиш гузорад ва ҳамзамон равобити кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломиро таҳким бахшад.

Ин мусобиқа бо ҳадафи ташвиқи ҷавонон ба андеша ва тадаббур дар маъниҳои Қуръон ва ҳифзи суннати муқаддаси тиловат дар миёни наслҳои гуногун баргузор гардид.

4319828

captcha