IQNA

Талоши Ироқ барои сабти мавлуди Паёмбар (с) ва парвандаи Қуръон дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ

22:43 - December 19, 2025
рақами хабар: 4238
Намояндаи Ироқ дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) пешниҳод кард, ки солрӯзи мавлуди Паёмбар (с) ва парвандаи Қуръони Карим бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз беҳурматӣ ба китоби осмонӣ дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ сабт гарданд.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Мидл Ийст Нюз», Асъад Туркӣ Саворӣ, намояндаи доимии Ироқ дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) дар Париж эълом кард, ки ду пешниҳод дар бораи сабти муносибати солрӯзи мавлуди Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамчунин парвандаи Қуръони Карим дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро дар нишасти гурӯҳи сафирони кишварҳои исломӣ дар ЮНЕСКО, дар қароргоҳи ин созмон дар Париж, пешниҳод намудааст.

Ӯ таъкид кард, ки яке аз ин пешниҳодҳо бо ҳадафи ҳимоя аз ҷашни солрӯзи мавлуди ҳазрати Муҳаммад (с) барои ворид шудан ба феҳристи «Хотираи ҷаҳонӣ» ироа гардидааст.

Саворӣ ишора кард, ки ҳадаф аз пешниҳоди дувум, яъне парвандаи Қуръон, ҷилавгирӣ аз иқдомоти бархе давлатҳост, ки ба тундгароён иҷоза медиҳанд бо пора кардан ё сӯзондани Қуръони Карим дар анзори умумии ҷаҳон, ба ҳурмати китоби осмонӣ латма зада, ба таври ошкоро уммати исломиро ба чолиш бикашанд.

4323296

captcha