
Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Ал-Явм ас-Собеъ», истеҳсоли ин филм як дастоварди бесобиқа дар ҳуҷҷатнигории мероси исломӣ ва ҷовидона сохтани чеҳраҳои барҷастаи тиловати Қуръон дар Миср ба шумор меравад, ки бо истифода аз навтарин фанновариҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ анҷом гирифтааст.
Ин асар пас аз рӯзҳо кори дақиқ барои таъмини баландтарин сатҳи сифат ва маънавият дар ба тасвир кашидани зиндагиномаи устод Абдулбосит таҳия шудааст.
Ин тарҳ бо ҳимояти Усома ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср, иҷро гардида ва Муҳаммад ал-Байюмӣ, дабири кулли Шӯрои олии умури исломии Миср, бо ҳадафи таъмини саҳеҳии таърихӣ ва динӣ, бар муҳтавои филм назорат доштааст.
Ин филм аз нахустин лаҳзаҳои нашр дар каналҳои расмии рақамии Шӯрои олии умури исломӣ бо истиқболи густурда аз сӯйи мардум дар бахшҳои гуногуни ҷаҳони Ислом рӯ ба рӯ шуд ва тамошобинон аз дақиқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар шабеҳсозӣ ва ҳамчунин тасвирсозии таъсиргузори марҳилаҳои гуногуни зиндагии устод Абдулбосит ситоиш карданд.
Шӯрои олии умури исломии Миср бо ин дастовард, поя ва асоси равиши наве дар ҳуҷҷатнигорӣ ва омӯзиши динӣ бунёд ниҳодааст, ки аз фанноварӣ барои хидмат ба Қуръони Карим ва уламо ва қориёни он баҳра мебарад.
Ин шӯро умедвор аст, ки ин филм оғози силсилаи осори монанд бо ҳадафи эҳёи зиндагиномаи дигар қориёни бузурги мисрӣ бошад, ки бо тиловатҳояшон дар ҷаҳон таъсиргузор будаанд, ва ин муваффақият баёнгари нақши пешқадами Миср дар ҳифз ва густариши ҳунари асили тиловати Китоби Худо мебошад.
Гурӯҳи тавлиди ин филм иборат аст аз: Ислом Муҳаммад ал-Ақсорӣ (таҳиякунанда), Мамдуҳ Абдулғанӣ ва Маҳмуд Мухтор Маҳно
(тадвин), ва Муҳаммад Аскар (садобардор).
3495774