IQNA

Ашёи шахсии устод Абдулбосит дар Осорхонаи қориёни Миср + акс

7:41 - December 21, 2025
рақами хабар: 4246
Маҷмӯае аз ашёи шахсии устод Абдулбосит Абдуссамад, қории номдори Миср ва ҷаҳони Ислом, дар осорхонаи тоза-таъсиси қориён дар пойтахти маъмурии нави Миср нигоҳдорӣ мешавад.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Дорулҳилол», нахустин Осорхонаи қориёни Қуръони Миср, ки рӯзи 24-уми озари хуршедӣ бо ҳузури Аҳмад Фуод Ҳану, вазири фарҳанги Миср ва Усома ал-Азҳарӣ, вазири авқофи ин кишвар ифтитоҳ гардид, маҷмӯае аз ашёи шахсии устод Абдулбоситро дар канори тахтаи муаррифии зиндагинома ва хадамоти қуръонии ин қории барҷастаи ҷаҳони Ислом ба намоиш гузоштааст.

Қобҳои акс аз устод Абдулбосит дар канори фарзандонаш, як дастгоҳи сабти садо, амома, чанд тасбеҳ, кулоҳ, лавҳаҳои қадрдонӣ ва сандуқчае, ки нусхае аз Қуръонро дар бар мегирад, аз ҷумла ашёе мебошанд, ки ҳамроҳ бо зиндагиномаи устод Абдулбосит дар ин осорхона ба тамошои умум гузошта шудаанд.

Ин осорхона ҳамчунин шомили либосҳо, амомаҳо ва ашёи шахсии 11 нафар аз чеҳраҳои машҳури тиловати Миср мебошад, аз ҷумла: Муҳаммад Рафъат, Абдулфаттоҳ Шаъшаъӣ, Тоҳо ал-Фашнӣ, Мустафо Исмоил, Маҳмуд Халил ал-Ҳусарӣ, Муҳаммад Сиддиқ Миншовӣ, Абулъайнийн Шуъайшъ, Маҳмуд Алӣ ал-Банно, устод Абдулбосит Абдуссамад, Муҳаммад Маҳмуд Таблавӣ ва Аҳмад ар-Разифӣ, ки аксаран аз сӯйи хонаводаҳояшон ба масъулони осорхона эҳдо шудаанд.

Ало Ҳасанӣ, набераи устод Мустафо Исмоил, ба рӯзномаи «Ал-Масрӣ ал-Явм» гуфт: хонаводаи ин қории мисрӣ бархе аз ашёи шахсии падарбузурги ӯро ба осорхона эҳдо кардаанд, ки шомили тасбеҳ, асо, соат, амома, либос, радио ва лавҳае бо буридаҳои рӯзнома мебошад, ки қадрдонии Ҷамол Абдунносир (раиси ҷумҳури вақти Миср) аз ӯ ва ҳузураш дар канори Муҳаммад Анвар Содот (аз раисони ҷумҳури пешини Миср) дар сафар ба Қудси Шарифро нишон медиҳад.

«Биринса», духтари шайх Муҳаммад Маҳмуд Таблавӣ низ изҳор дошт: Вазорати авқоф як сол пеш бо хонаводаи ин қории мисрӣ тамос гирифта буд, то ашёи ӯро ҷамъоварӣ намояд, ва хонавода бо шавқу рағбат омода буданд Қуръон, либосҳо ва аксҳои шахсии ӯро ба осорхона эҳдо кунанд.

Вай афзуд: ин осорхона як иқдоми бисёр зебо аст ва осори боқимондаи чанде аз бузургони санъати қироатро, ки дигар такрор нахоҳанд шуд, гирд овардааст.

4323526

captcha