IQNA

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон таҳқири Қуръонро дар Шветсия маҳкум кард

0:07 - December 23, 2025
рақами хабар: 4252
Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон бо маҳкум кардани ҳамла ба масҷиди Стокҳолм ва таҳқири Қуръони Карим, хостори андешидани чораҳо барои боздоштани ҳамлаҳо ба маконҳои муқаддаси мусулмонон шуд.

Ба гузориши ИҚНО бо истинод ба «Арабӣ 21», пас аз ҳамлаи ифротгароён ба масҷиди Стокҳолм, Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон даъват ба иқдом барои қатъ намудани ҳамлаҳо ба маконҳои муқаддаси мусулмонон кард.

Ин иттиҳодия дар баёнияи худ ин амалро кирдори нописанду ҷинояткорона арзёбӣ намуда, онро мухолифи арзишҳои инсонӣ, адёнҳои илоҳӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ донист.
Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон ҳамчунин аз вазъи мусулмонон ва нақзҳои ҷиддии ҳуқуқи онҳо, ки ба зиндагӣ, маконҳои муқаддас, ҳуқуқ ва каромати онҳо дар чанд кишвари аврупоӣ таъсир мерасонанд, амиқан изҳори нигаронӣ кард. Ин иттиҳодия ҳамчунин ба барангехтани пайдарпайи эҳсосоти мусулмонон дар саросари ҷаҳон ишора намуд.

Дар идомаи баёнияи ин созмони исломӣ, ин ҷиноят, инчунин ҳамаи мавориди таҳқири Қуръони Карим, ҳамлаҳо ва суханпароканиҳои нажодпарастона, таҳрикоти зиддиисломӣ ва ҷиноятҳои нафратангезе, ки мусулмононро ҳадаф қарор медиҳанд ва дар солҳои ахир, бахусус дар Шветсия ва саросари Аврупо, рӯ ба афзоиш ниҳодаанд, ба шиддат маҳкум шудаанд.

Ин иттиҳодия аз кишварҳои аврупоӣ хост, ки барои пешгирӣ аз чунин таҳрикот ва ҷиноятҳо чораҳои қатъӣ андешанд ва бо ҷиддият барои мубориза бо нажодпарастӣ ва нафратангезӣ алайҳи Ислом ва дигар адён талош намоянд.

Дар ҷараёни ҳамлаи нажодпарастонаи ифротгароёни исломҳарос ба як масҷид дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия, нусхае аз Қуръони Карим пайдо шуд, ки ба панҷараи зинапоя бо занҷир баста шуда буд ва бар рӯи он нишонаҳои тир дида мешуд.

Маҳмуд ал-Халифӣ, мудири масҷид, ба хабаргузории Онатолӣ гуфт: ҳамлаҳои нажодпарастона ва исломҳаросӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоишанд. Ӯ тавзеҳ дод, ки Қуръоне ёфт шудааст, ки бар он ба забонҳои арабӣ ва шведӣ навишта шуда буд: «Аз дидани шумо хушҳолем, аммо вақти ба хона баргаштан аст».

4324331

captcha