
Ба гузориши ИҚНО бо истинод ба elbalad140, Осорхонаи Қуръони Карим, ки як тарҳ дар минтақаи фарҳангии Ҳирои (Ҳиро) Макка мебошад, таҷрибаи омӯзишӣ ва интерактивии ҳамаҷонибаро фароҳам овардааст, ки таърихи Қуръони Каримро тавзеҳ дода, марҳилаҳои ваҳйро бо услуби муосир — дар омезиши асолат ва фанновариҳои муосир — ба намоиш мегузорад.
Ин осорхона бо такя бар экранҳои интерактивӣ ва расонаҳои рақамии пешрафта, лаҳзаи нузули ваҳй бар Паёмбар (с)-ро дар ғори Ҳиро шабеҳсозӣ мекунад ва ба боздидкунандагон имкон медиҳад таҷрибаи ҳиссӣ ва маърифатие дошта бошанд, ки он лаҳзаҳои калидии таърихи Исломро зинда гардонда, боздидкунандаро бо фазои замонӣ ва маконии нузули Қуръони Карим пайванд медиҳад.
Осорхона бахшҳои тахассусии гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла мавзӯъҳое чун таърихи китобати Қуръони Карим, улуми қуръонӣ ва талошҳо барои ҳифзи он дар давраҳои мухталиф. Илова бар ин, нусхаҳои хаттии нодир ва тавзеҳоти интерактивӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиш дар миёни гурӯҳҳои синнусолии гуногун мусоидат мекунанд.
Ин осорхона ҳамчун яке аз бахшҳои асосии минтақаи фарҳангии Ҳиро роҳандозӣ шудааст, ки ҳамчун яке аз марказҳои фарҳангӣ ва гардишгарӣ, дониши динӣ ва фарҳангии зоирон ва умрагузоронро афзоиш дода, онҳоро бо абъоди фарҳангӣ, динӣ ва таърихии Макка ошно месозад.
Осорхона пазирандаи боздидкунандагон аз дохил ва хориҷи Арабистони Саудӣ мебошад ва бо шеваи муосир нақши муҳимеро дар тақвияти огоҳӣ нисбат ба таърихи Қуръон ифо мекунад. Боздид аз он таҷрибаи омӯзишӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад.
Тарҳрезӣ ва роҳандозии ин осорхона дар чаҳорчӯби низоми якпорча ва бо назорату ҳимояти Ҳайати подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Макка ва машоири муқаддас анҷом ёфтааст ва ин макон бо омезиши дониш ва фанновариҳои муосир, таҷрибаи фарогиреро ба боздидкунандагон пешниҳод менамояд.
4324192