IQNA

Афзоиши талабот ба тарҷумаи Қуръон ба забони шведӣ пас аз Қуръонсӯзӣ

23:06 - December 29, 2025
рақами хабар: 4273
Пас аз ҳодисаи Қуръонсӯзӣ дар назди масҷиди бузурги Стокҳолм, дархостҳо барои харидории тарҷумаи Қуръони Карим ба забони шведӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтанд ва шояд ин яке аз таъсироти мусбати ин рӯйдоди талх дар Шветсия бошад.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз alkompis, пас аз қазияи Қуръонсӯзӣ дар назди масҷиди бузурги Стокҳолм, талабот барои харидани тарҷумаи Қуръони Карим ба забони шведӣ ба шакли чашмрас зиёд шуд.

Бо вуҷуди ин, дар Шветсия дар тӯли солҳои зиёд тарҷумаҳои дигари Қуръон вуҷуд доштаанд ва афроди зиёде барои пешниҳоди мафоҳими Қуръони Карим ба мусулмонони швед заҳмати фаровон кашидаанд.

Дар ҳоли ҳозир 8 тарҷумаи гуногуни Қуръони Карим ба забони шведӣ мавҷуд аст. Аввалин тарҷума дар асри XVIII милодӣ анҷом ёфта, охирин тарҷума ба асри ҷорӣ тааллуқ дорад, ба вижа пас аз таъсиси Бунёди омӯзиши Скандинавия 3 декабри соли 2022, ки дар роҳи тарҷумаи Қуръони Карим қадам гузошт.

Ҳар яке аз тарҷумаҳои Қуръон ба забони шведӣ вижагиҳои хоси худро доранд. Ҷолиб он аст, ки беш аз нисфи тарҷумаҳои мавҷударо шведиҳои ғайримусулмон ва пайравони дигар адён, аз ҷумла яҳудият ва масеҳият, анҷом додаанд. Онҳо ба шинохти Қуръон таваҷҷуҳи зиёд дошта, ҳамчунин нисбат ба ҷомеаи худ эҳсоси масъулият мекарданд; аз ин рӯ, Қуръони Каримро ба забони шведӣ тарҷума намуда ва онро ба бозор пешниҳод карданд.

Кристофер Тулл дар мақолае бо унвони «Тарҷумаи Қуръон ба забони шведӣ», ки соли 2005 милодӣ нашр шудааст, ба таърих ва шахсиятҳое, ки Қуръонро ба забони шведӣ тарҷума кардаанд, нигоҳи ҳамаҷониба андохтааст. Ҳамчунин мақолаҳои донишгоҳӣ дар Шветсия ба бахшҳое аз Қуръон, ки ба забонҳои лотинӣ ё шведӣ тарҷума шудаанд, пардохтаанд.

Тарҷумаи Бернстрём, дипломати шведӣ

Ин дипломати шведӣ ду маротиба дар симати сафир дар Мадрид ва Работ фаъолият кардааст. Бернстрём, ки дар нимаи даҳаи ҳаштоди асри XX ба ислом гаравида буд, бар ин бовар буд, ки ҷомеа ба тарҷумаи нави Қуръони Карим ба забони шведӣ ниёз дорад.

Китоби «Паёми Қуръон» навиштаи Муҳаммад Асад (ки аз дини яҳудият ба ислом гаравида буд), ки соли 1980 милодӣ нашр шуд, ба Бернстрём дар кори тарҷумаи Қуръон кумаки зиёде расонд. Асад дар китоби «Паёми Қуръон» тафсире вироиш ва такмилёфтаро пешниҳод кардааст.

4324613

captcha