
Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Oman Daily», ин маросим бо кӯшиши Маркази Қуръонии Салола, вобаста ба Анҷумани таваҷҷуҳ ба Қуръони Карими Уммон, ва бо назорати Аҳмад бин Муҳсин Ал-Ғасонӣ, шаҳрдори Зуфор, дар чаҳорчӯби тарҳи солонаи ин марказ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ин маросим иштироки густардаи донишомӯзон мушоҳида мешуд ва онҳо он чиро аз Китоби Худо, ба таври комил ё ба шакли ҷузъ ба ҷузъ ҳифз карда буданд, тиловат намуданд.
Дар ин рӯйдод 110 донишомӯзи духтар ва писари ҳофизи Қуръони Карим ҳузур доштанд. Ин донишомӯзон ба чанд гурӯҳ тақсим шуданд, ки иборат буданд аз: ҳифзи кулли Қуръон (6 донишомӯз), ҳифзи 20 ҷузъ (6 донишомӯз), ҳифзи 15 ҷузъ (5 донишомӯз), ҳифзи 10 ҷузъ (12 донишомӯз), ҳифзи 5 ҷузъ (41 донишомӯз) ва ҳифзи 2 ҷузъ (40 донишомӯз).
Раид бин Авваз Балхайр, мудири Маркази Қуръонии Салола, дар ин бора гуфт: дар ин барнома қишрҳои гуногуни ҷомеаи умонӣ, аз ҷумла занон ва мардон аз синни 15-солагӣ боло, ки дар таҷвиди Қуръон маҳорат дошта ва дар қироати Қуръон суръати лозимро доро буданд, иштирок карданд.
Вай афзуд: аҳамияти ин рӯйдод дар таҳкими огоҳӣ нисбат ба ҷойгоҳи Қуръони Карим ва зарурати таваҷҷуҳ ба каломи ваҳй тавассути ҳифз, тиловат ва тадаббур дар оятҳо нуҳуфта аст.
Балхайр баён кард: бозбинӣ ва устуворсозии андӯхтаҳои қуръонии ҳофизон, кашфи истеъдодҳои нави қуръонӣ дар миёни ҳофизони зану мард, омодасозӣ ва ташвиқи онҳо барои ширкат дар мусобиқаҳои қуръонии дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин эҷоди рӯҳияи шавқу ҳавас, рақобат ва эътимод ба нафс дар ширкаткунандагон аз ҳадафҳои гуногуни барномаи хатми Қуръон ба шумор мерафт.
Шаҳри Салола дар вилояти Зуфор дар Салтанати Уммон ҷойгир аст. Ин шаҳр маркази вилоят ва шаҳри асосии Зуфор ба ҳисоб рафта, дар соҳили ҷанубии Уммон қарор дорад.
4325618