
Ба гузориши ИҚНО, тиловати тартили кулли Қуръон бо такя бар раддаҳо (редиф)-и овозии мусиқии эронӣ иқдоми навоваронаест, ки бо кӯшиши Муҳсин Яраҳмадӣ, омӯзгор ва қории Қуръон, барои нахустин бор дар ҷаҳони ислом дар фазои паёмрасони Телеграм дар ихтиёри умумии ҳаводорон қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи Яраҳмадӣ, аз вижагиҳои ин тартила истифода аз оҳангнокӣ ва раддаҳои овози эронӣ ба ҳамроҳи гузаришҳо ва модулятсияҳо бо риояи ҳадди аксари онҳо бар асоси такяҳои садоӣ ва акцентҳои луғавӣ мебошад.
Ин қорӣ ва довари мусобиқот меафзояд, ки ҳангоми нашри ин тартила барои омма, иртиботи интерактивӣ бо корбарон низ дар назар гирифта шудааст.
Дӯстдорони ин кор барои узвият дар ин канал метавонанд ба ай-ди poshtiban_tartil@ паём ирсол намоянд.
4325222