
Ба гузориши ИҚНО, Остони муқаддаси Ҳусайнӣ бо ҳадафи омодагӣ барои баргузории Рӯзи ҷаҳонии Қуръон дар рӯзи 27-уми Раҷаб, ки мусодиф бо солрӯзи мабъаси набавист, силсилаи нишастҳо ва дидорҳоро бо уламоии Қум баргузор кардааст.
Ин дидорҳо бо ҳузури Шайх Ҳасан ал-Мансурӣ, мушовири дабири кулли Остони Ҳусайнӣ дар умури қуръонӣ баргузор шуда, дар онҳо меҳварҳои ҳамоиши Рӯзи ҷаҳонии Қуръон, барномаҳои ин маърака ва фаъолиятҳои қуръонии Остон дар арсаи байналмилалӣ ташреҳ гардид.
Ҳамчунин дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои илмӣ, ҳайати Остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар дафтари Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин Сайид Ҷавод Шаҳристонӣ, намояндаи томул-ихтиёри Оятуллоҳулъузмо Систонӣ дар Қум, ҳузур ёфт ва ӯро аз ҷараёни муқаддимоти маъракаи Рӯзи ҷаҳонии Қуръон ва муҳимтарин тарҳҳои қуръонии ин марказ огоҳ сохт.
Аз сӯи дигар, Мунтазир ал-Мансурӣ, мудири Маркази байналмилалии таблиғи Қуръони Остони Ҳусайнӣ, ба ҳамроҳии Шайх Солеҳ ал-Воилӣ, раиси маркази пажӯҳишӣ ва омӯзишии «Далил», бо Оятуллоҳ Сайид Риёз ал-Ҳаким дидор кард ва фаъолиятҳои қуръонии ин марказ, ба вижа тарҳи мусҳафи Остони Ҳусайнӣ бо фанноварии QR ва маъракаи Рӯзи ҷаҳонии Қуръонро барои ӯ шарҳ дод.
Ал-Мансурӣ ба таври расмӣ аз Оятуллоҳ Сайид Риёз ал-Ҳаким даъват ба амал овард, то дар дувумин ҳамоиши Рӯзи ҷаҳонии Қуръон, ки Маркази байналмилалии таблиғ бо ҳамкории Маркази «Далил»-и Қум баргузор мекунад, ҳузур ёфта ва суханронӣ намояд.
Дар ҳамин замина, шуъбаи Қумии Маркази байналмилалии таблиғ бо Аллома Сайид Муҳаммад Содиқ ал-Харросон дидор карда, ӯро аз тарҳҳои байналмилалии қуръонии ин марказ огоҳ сохт.
Дар ин дидор, Аллома ал-Харросон талошҳои анҷомёфтаро барои роҳандозии Рӯзи ҷаҳонии Қуръони Карим ситоиш кард ва барои баргузоркунандагони он орзуи муваффақият намуд.
4325487