IQNA

Ибтикори Қуръонӣ аз ҷониби як соҳибкори урдунӣ дар ҳимоят аз издивоҷ

10:55 - January 06, 2026
рақами хабар: 4303
Яке аз соҳибкорони Урдун бо ҳадафи пуштибонӣ аз издивоҷ ва ташкили оила эълом кард: ҷавононе, ки шаш ҷузъи Қуръонро ҳифз кунанд, дар сурати издивоҷ аз кумакҳои молиявӣ бархурдор хоҳанд шуд.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Ал-Ватан», Лайс Дуайкот, соҳибкори урдунӣ, бо ҳадафи дастгирии издивоҷ ва ташкили оила, нақшаи иҷтимоӣ ва рушди наверо ба хотири издивоҷи ҷавонон ҳар моҳ, ба шарте ки шаш ҷузъи Қуръонро ҳифз карда бошанд, оғоз кардааст; иқдоме, ки дорои ҷанбаҳои динӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Ин барнома, ки тавассути як видео эълом шуд, бар асоси ихтисоси маблағи муайяни моҳона мебошад, ки аз фурӯш дар филиалҳои махсуси вобаста ба ин тарҳ дар дохил ва хориҷи Урдун ҷамъоварӣ мегардад. Ҳар як филиал ӯҳдадор аст, ки ҳар рӯз 20 динории урдунӣ ба суруғи махсуси тарҳ вориз кунад.

Ба гуфтаи иҷрокунандагони ин тарҳ, интизор меравад, ки маҷмӯи маблағҳои ҷамъоваришуда дар ҳар моҳ тақрибан ба 6000 динории урдунӣ бирасад.

Бунёдгузори ин тарҳ тавзеҳ дод, ки ин маблағ ба ду қисм тақсим хоҳад шуд: қисми аввал ба маблағи 3000 динории урдунӣ барои кӯмак ба ҷавоне ихтисос меёбад, ки шартҳои издивоҷро доро бошад ва шаш ҷузъи Қуръонро ҳифз карда бошад. Ин кор бар он боварӣ такя дорад, ки арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ пояи муҳками ташкили хонаводаи пойдор мебошанд.

Қисми дуюм бо ҳадафи тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ ва мусоидат ба рушди ҷомеа, барои дастгирии як лоиҳаи истеҳсолӣ ё тиҷоратии ҷавонон ё хонавода ихтисос дода мешавад.

Лайс Дуайкот изҳор дошт, ки ин тарҳ аз ин бовар маншаъ мегирад, ки оила ҳаста ва пояи ҷомеа аст ва ҳимоят аз издивоҷ ва тавлидоти маҳаллӣ хатти дифоии муҳиме дар баробари пошхӯрии иҷтимоӣ ва фишорҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

4327116

captcha