
Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз рӯзномаи «Ал-Мадина», ин усул махсус барои қонеъ сохтани ниёзҳои мусалмонҳое тарҳрезӣ шудааст, ки бо мушкилот ва маҳдудиятҳои зеҳнӣ ё ҷисмонӣ рӯ ба рӯянд ва ҳамчун дастоварди қобили таваҷҷуҳ дар соҳаи омӯзиши фарогири исломӣ ба ҳисоб меравад.
Усулҳои таълимии беназири мавҷуд дар китоби «Иқро Сардас» дар кӯмак ба гурӯҳи бузурги одамон — аз афроди дорои маълулият ва мушкилоти рӯҳии саломатӣ то солмандон — бисёр муассир будааст.
Амлия Қодир таъкид кард, ки ин усул ба ҳеҷ гурӯҳи муайян маҳдуд намешавад ва метавонад бо муваффақият дар мактабҳои расмӣ ва ғайрирасмие, ки барномаҳои дарсӣ ба ҳам монандро қабул мекунанд, ба иҷро дарояд.
«Иқро Сардас» илова бар нақши худ дар дастгирии афроди дорои маълулият, барои навмусалмонон низ ҳалли амалӣ ва дастрас пешниҳод мекунад ва ба онҳо омӯзиши мустақилонаи хониш ва навишти Қуръонро осон мегардонад. Ин амр ба дарки амиқтари дин ва боло рафтани ҳамгироӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Дар ин замина Амлия Қодир гуфт: ҳадафи асосии «Иқро Сардас» бартараф кардани монеаҳое мебошад, ки дар роҳи омӯзиши Китоби Худо қарор доранд. Ин усул қобилияти худро дар кӯмак ба ҳар мусалмон, новобаста аз тавонмандиҳои ҷисмонӣ ё зеҳнии онҳо, барои барқарории робита бо Қуръон исбот кардааст.
Вай афзуд: мо бар ин боварем, ки ин кор бо тавонманд сохтани афрод ва осон кардани марҳилаҳои омӯзиши онҳо таъсири мусбат ва чашмгир дар нашр ва густариши Ислом дар саросари ҷаҳон хоҳад дошт.
Барои таъмини фарогирии ҳарчи бештар, нусхаи брайл (барои нобиноён) аз китоби «Иқро Сардас» низ дастрас аст. Ин нусха имкони омӯзиши муаллимони ҳирфавиро фароҳам меорад, ки тавони кор бо донишомӯзони камбину нобиноёнро доранд. Ин кор мафҳуми омӯзиши муттаҳидшударо тақвият дода, доираи истифодабарии онро густариш медиҳад.
4327086