IQNA

Ҳамкории Маҷмаи Қуръони Карими Шорҷа дар тармиму нигаҳдории нусхаҳои хаттии исломӣ

14:59 - January 20, 2026
рақами хабар: 4321
Маҷмаи Қуръони Карими Шорҷа ва Маркази мероси Шорҷа бо ҳадафи ҳамкорӣ дар тармим, ҳифз ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии исломӣ ва осори таърихӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Ба гузориши ИКНО ба нақл аз menafn, ин ёддошти тафоҳум ҳамгунсозии сиёсатҳо ва қоидаҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва бойгонӣ намудани нусхаҳои хаттии таърихӣ, инчунин эҷоди зарфиятҳо тавассути фаъолиятҳои омӯзишӣ ва мубодилаи таҷрибаро дар меҳвари кор қарор додааст.

Халифа Мисбоҳ ат-Тунайҷӣ, раиси Маҷмаи Қуръони Шорҷа ва Абдулазиз ал-Муслим, раиси Маркази мероси Шорҷа, ин ёддошти тафоҳумро ба имзо расониданд. Дар маросими имзои он як қатор масъулон ва роҳбарони бахшҳои идории ҳар ду марказ ҳузур доштанд.

Раиси Маҷмаи Қуръони Шорҷа дар ин маросим таъкид кард: ин ҳамкорӣ дар чорчӯби рӯйкарди маҷмаъ дар истифода аз фанновариҳои нав ва зеҳни сунъӣ барои хидмат ба Қуръон, инчунин тармим ва бойгонии нусхаҳои хаттӣ ки гувоҳони зиндаи таърихи китобати Қуръон ва рушди улуми қуръонӣ ба шумор мераванд анҷом гирифтааст.

Вай афзуд: ҳамкорӣ бо Маркази мероси Шорҷа, ки дар ЮНЕСКО сабт шудааст, ба бойгонии нусхаҳои хаттӣ ва осори нодири таърихӣ кумак мекунад ва ин нусхаҳоро аз осеб ва гумшавӣ ҳифз намуда, дастрасии муҳаққиқон ва алоқамандонро ба ин осор осон хоҳад кард.

Ат-Тунайҷӣ таъкид намуд: ин ёддошти тафоҳум дар муаррифии Маҷмаи Қуръони Шорҷа дар маҳфилҳои байналмилалие, ки Маркази мероси Шорҷа дар онҳо иштирок мекунад, нақши муҳим хоҳад дошт.

Маҷмаи Қуръони Карими Шорҷа 4-уми моҳи дейи соли 1399 ба дасти амир ва ҳокими Шорҷа ифтитоҳ гардид. Ин маҷмаъ бузургтарин маҷмаи Қуръон дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки ҳафт осорхонаи илмӣ ва таърихиро дар худ ҷой додааст. Илова бар ин, он ба фаъолиятҳо ва барномаҳои марбут ба Қуръони Карим ва гирдиҳамоии дӯстдорону фаъолон дар соҳаҳои гуногуни қуръонӣ ихтисос ёфтааст. Маҷмаи Қуръони Карими Шорҷа дар 140 кишвари ҷаҳон шуъба дорад ва ҳамчунин донишҷӯёнро аз гӯшаву канори ҷаҳон мепазирад.

Маҷмаи Қуръони Карими Шорҷа дар ҳоли ҳозир дорои маҷмӯае аз Қуръонҳои таърихӣ, Қуръонҳои рӯйи пӯст китобатшуда ва дигар осори нодири қуръонӣ мебошад, ки қадимати бархе аз онҳо ба 1300 сол мерасад ва давраҳои гуногуни таърихиро аз қарни дуввуми ҳиҷрӣ то давраи муосир фаро мегирад.

Маркази мероси Шорҷа низ як муассисаи фарҳангӣ ва илмӣ ва як маркази байналмилалии дараҷаи дуюм таҳти назорати ЮНЕСКО барои зарфиятсозӣ дар соҳаи мероси фарҳангӣ ба шумор меравад.

Ин марказ ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои бузурге, ки дар соҳаи мероси фарҳангӣ дар заминаи омӯзиш ва ҳуҷҷатгузорӣ ба даст овардааст, ҳамчун яке аз муассисаҳои пешсаф дар ин соҳаи тахассусӣ шинохта мешавад.

4329202

captcha