
Ба гузориши ИКНО ба нақл аз «Ал-Олам», гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Фаластин бо ишора ба идомаи ҷиноятҳои зиддибашарии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин, ба вижа дар Ғазза, хостори таълиқ (боздошти) узвияти ин режими номашрӯъ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид шуд.
«Франческа Албанизе» бо интиқод аз идомаи сукути ҷомеаи ба истилоҳ ҷаҳонӣ дар баробари нақзи қонунҳои байналмилалӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ, аз Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид хост, ки аз абзорҳои ҳуқуқии худ барои маҳдуд ва маҳор кардани ин режими мутаҷовиз истифода кунад.
Албанизе бо ҳушдор дар бораи фурӯпошии низоми байналмилалӣ таъкид кард: замони иқдоми қотеъи ҷаҳонӣ барои таълиқи узвияти режими саҳюнистӣ дар Маҷмаи умумӣ ва татбиқи таҳримҳои ҳамаҷониба алайҳи ин режим фаро расидааст.
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид бар зарурати ҷорӣ намудани таҳримҳои густурдаи байналмилалӣ, ба вижа манъи тиҷорати силоҳ бо ин режим, ба унвони вокуниш ба нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид намуд.
4329984