
Ба гузориши Икно ба нақл аз 9News, Масҷиди Лакемба — бузургтарин масҷиди Австралия дар шаҳри Сидней — рӯзи гузашта номаҳои таҳдидомезе дарёфт кардааст, ки дар онҳо ба таври ошкоро ва мустақим ба хушунат алайҳи ақаллияти мусалмон даъват шудааст.
Ин таҳдид аз ҷониби Созмони сабти исломҳаросии Австралия (IRA) ошкор гардида, ин созмон номаро «бениҳоят нигаронкунанда» тавсиф кардааст. Ба гуфтаи ин созмон, як номаи дастнавис, ки ба имоми ҷамоати масҷид унвон шуда буд, тавассути почта фиристода шудааст.
Созмони IRA тасдиқ кардааст, ки ин нома дорои таҳдидҳои ошкори хушунат, таҳрики мустақим, нафратангезӣ ва даъват ба куштори мусалмонон ва дигар ақаллиятҳо будааст.
Рӯйхати афроди ҳадаф қароргирифта мусалмонон, мардуми бумии Австралия, сокинони ҷазираҳои гулӯгоҳи Торрес, инчунин арабҳо ва фаластиниёнро дар бар мегирифт. Ин созмон таъкид кард, ки ҷиддитарин ҷанбаи ин нома даъвати ошкоро ба латтукӯби эътирозгарони Рӯзи Австралия то ҳадди марг дар кӯчаҳо будааст.
Дар ин нома ҳамчунин таҳдид ба марг дар сурати фароҳам омадани фурсат ва ишораҳо ба одамрабоӣ ҷой доштааст, ки аз нияти ошкори таҳрики хушунат дарак медиҳад.
Созмони сабти исломҳаросии Австралия эълон кард, ки ин қазияро барои баррасӣ ва арзёбии сатҳи таҳдид ба нерӯҳои полис ва ниҳодҳои давлатии марбута ирсол намудааст.
Ин ҳодиса дар заминаи як фазои сиёсии пуртаниш, бахусус пас аз баҳсҳои парлумонӣ дар бораи лоиҳаи қонун вобаста ба яҳудиситезӣ, нафратангезӣ ва ифротгароии соли 2026 рух додааст, ки ба гуфтаи ин созмон, дар он лаҳне истифода мешавад, ки ҷомеаҳои мусалмонро ҳамчун таҳдиди амниятӣ тасвир мекунад.
Аз сӯи дигар, Марям Вайсзода, раиси Созмони сабти исломҳаросии Австралия, ин номаро ҳамчун даъвати равшан ва ошкоро ба хушунат ва қатл тавсиф карда, ҳушдор дод, ки лаҳни сиёсии ғайримасъулона, агар назорат нашавад, ифротгароёнро ҷасуртар мегардонад.
Ӯ таъкид намуд, ки даъват ба латтукӯби мардум то ҳадди марг дар кӯчаҳо таҳдиди ҷиддӣ ва фаврӣ барои амнияти умумӣ ба шумор меравад.
Крис Минз, нахуствазири иёлати Ню Саут Уэлз, дар вокуниши расмӣ тасдиқ кард, ки аз ин нома огоҳ аст ва таъкид намуд, ки ҳар гуна таҳрики нажодпарастона ё таҳдид ба хушунат аз ҷониби полис бо ҷиддияти комил пайгирӣ мешавад.
4330396