IQNA

Баргузории мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони «Ас-Содиқ ал-Амин» дар Лубнон

0:10 - January 28, 2026
рақами хабар: 4335
Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон бо ҳамкории Ҷамъияти Қуръони Карими ин кишвар мусобиқаҳои байналмилалии ҳифз ва тиловати Қуръони Каримро таҳти унвони «Ас-Содиқ ал-Амин; дар фазои моҳи Худо» баргузор менамояд.

Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Ройзании фарҳангии Эрон дар Лубнон, бо ибтикори Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бейрут ва бо ҳамкории Ҷамъияти Қуръони Карими Лубнон, дар остонаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон, мусобиқаи байналмилалии Қуръон таҳти унвони «Ас-Содиқ ал-Амин; дар оғӯши моҳи Худо» дар шаҳри Бейрут баргузор мегардад.

Ин мусобиқа дар ду бахш — ҳифзи кулли Қуръон ва қироати таҳқиқ — махсуси мардони синни аз 18 то 40 сол пешбинӣ шудааст.

Ин рақобат дар ду марҳила — маҷозӣ (ибтидоӣ) ва ҳузурӣ (ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ) баргузор мешавад. Сабти номи довталабон барои иштирок дар ин мусобиқа аз сеюми моҳи баҳман оғоз гардида, то 12-уми ҳамин моҳ идома меёбад.

Ҳамчунин, иштирокчӣ бояд дорои шаҳрвандии кишвари худ бошад ва уҳдадор аст, ки оиннома ва қоидаҳои махсуси мусобиқаро риоя намояд.

Шартҳои махсус:

Дар бахши тиловат, қироат бояд ба усули таҳқиқ ва бо риояи комили аҳкоми таҷвид ва қоидаҳои тиловат анҷом дода шавад.

Дар бахши ҳифз, иштирокчӣ бояд ҳофизи кулли Қуръони Карим бошад ва аҳкоми таҷвидро пурра риоя намояд.

Тибқи ин гузориш, дар бахши тиловат иштирокчиён дар марҳилаи ибтидоӣ 12 сатр ва дар марҳилаи ниҳоӣ 15 сатр аз Қуръони Каримро қироат мекунанд.

Дар бахши ҳифз ва дар ҳар яке аз марҳилаҳои сеюми ибтидоӣ, ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ, аз иштирокчиён се савол пурсида мешавад, ки ҳар як савол 15 сатр аз Қуръонро дар бар мегирад.

Нуктаҳои муҳим:

Марҳилаи ибтидоӣ (аз 3 то 12 баҳман) ба таври электронӣ баргузор мешавад ва марҳилаҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ ба шакли ҳузурӣ рӯзҳои 24 ва 25 баҳман дар шаҳри Бейрут, Лубнон, доир мегарданд.

Афроде, ки дар бахшҳои ҳифз ва қироат баландтарин имтиёзро ба даст меоранд, иҷозаи ширкат дар марҳилаи ниманиҳоии ҳузуриро пайдо мекунанд.

Иштирокчӣ бояд дар қироати Қуръони Карим бо қоидаҳо ва лаҳни дуруст маҳорати кофӣ дошта бошад.

Довталабон барои иштирок дар ин рақобат метавонанд тавассути паёмрасони «Бале» бо масъули корҳои фарҳангӣ ба рақами +989332175431 тамос бигиранд.

Тиловат бояд дар шакли навори видеоии босифат бошад, ки ҳам садо ва ҳам тасвирро дар бар гирад.

Қорӣ бояд пеш аз оғози тиловат ном ва кишвари худро эълон намояд.

Сифати доварӣ:

Меъёрҳои доварӣ дар бахши тиловат иборатанд аз: риояи таҷвид (40 имтиёз), садо (15 имтиёз), вақф ва ибтидо (20 имтиёз) ва нағма (25 имтиёз).

Дар бахши ҳифз низ меъёрҳои доварӣ аз ду қисм иборатанд: сифати ҳифз (70 имтиёз) ва сифати тиловат (30 имтиёз).

4330497

captcha