Таҳқиқоти нав нишон медиҳад, ки пас аз пирӯзии як номзади мусалмон дар интихоботи муқаддамотии Сенати ИМА дар иёлати Мичиган, шумораи навиштаҳои дорои муҳтавои нафратангез алайҳи ӯ 20 баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши икно, ба нақл аз TRT, танҳо чанд соат пас аз пирӯзии Абдусайид, номзади мусалмони Ҳизби демократ дар интихоботи муқаддамотии Сенат дар иёлати Мичигани ИМА, ҳаҷми навиштаҳои зиддиисломии дорои номи ӯ ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш ёфт.
Таҳқиқоти нави Маркази омӯзиши нафрати созмонёфта (CSOH) нишон медиҳад, ки шумораи навиштаҳое, ки Абдусайидро бо таҳқирҳои исломҳаросона ҳадаф қарор додаанд, дар ҳафтаи пас аз пирӯзии ӯ ба ҳисоби миёна ба 3 099 навишта дар як рӯз расидааст. Ин рақам дар муқоиса бо миёнаи 155 навишта дар як рӯз дар ду моҳи пеш аз он, 1 895 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Рӯзи 5 август, ҳамон рӯзе, ки рақиби ӯ шикасташро пазируфт, ҳаҷми навиштаҳои зиддиисломӣ дар бораи Абдусайид ба авҷи худ расида, тақрибан ба 7 000 навишта дар як рӯз расид.
Дар давоми он ҳафта, муҳтавои исломҳаросона дар бораи Абдусайид бештар аз маҷмӯи тамоми муҳтавои ба ин монанд дар ҳафт моҳи қаблӣ нашр шудааст.
Ин теъдод 56,7 дарсади маҷмӯи 38 280 навишта дар бораи ӯро, ки аз моҳи январ сабт шудаанд, ташкил медиҳад.
Абдусайид як мақоми собиқи соҳаи тандурустии ҷамъиятии Мичиган аст, ки барои курсии холишудаи Гари Питерс дар Сенати Иёлоти Муттаҳида номзад шудааст.
Таҳлили CSOH, ки бар асоси навиштаҳои X, Facebook, Instagram, YouTube, Reddit ва Bluesky анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки ин муҳтаво ба ҷойи интиқоди воқеии сиёсӣ, бештар дар атрофи шумораи маҳдуде аз қолабҳои такроршавандаи тавтиаомез шакл гирифтааст.
Яке аз мавзуъҳои асосии матраҳшуда ин буд, ки Абдусайидро ба Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва Ихвонулмуслимин иртибот медиҳанд. Дар бархе аз навиштаҳое, ки ба таври густарда бознашр шудаанд, ӯро «ҷиҳоди» номидаанд.
Гурӯҳи дигар ӯро ба тарҳрезии иҷрои қонуни шариат муттаҳам кардаанд. Дар ҳамин ҳол, бахши қобили таваҷҷуҳе аз навиштаҳо ҳатто фаротар рафта, ягона роҳи ҳалро ихроҷи комили мусулмонон аз кишварҳои ғарбӣ донистаанд.
Дар маҷмӯъ, навиштаҳои исломҳаросона дар платформаи X рӯзи 5 август, ҳамзамон бо эълони пирӯзии Абдусайид, бо тақрибан 12 ҳазор навишта ба баландтарин сатҳи худ дар як рӯзи тобистон расид. Ин рақам беш аз ду баробари миёнаи 30 рӯзи қабл буд ва нахустин рӯзе ба шумор мерафт, ки теъдоди чунин навиштаҳо аз 10 ҳазор гузашт. Муҳаққиқон гуфтанд, ки шаш рӯз баъд низ ин афзоиш коҳиш наёфта буд.
Ҳаҷми навиштаҳои умумии зиддиисломӣ ҳанӯз 59 дарсад бештар аз сатҳи ибтидоии пеш аз интихоботи муқаддамотӣ буд. Дар ҳамин ҳол, таҳқирҳое, ки махсусан Абдусайидро ҳадаф қарор медоданд, тақрибан 10 баробар бештар аз сатҳи аввали тобистон буданд.
CSOH ин афзоиши фаъолияти интернетиро ба як талоши густардатар ва созмонёфта иртибот додааст. Муҳаққиқон мегӯянд, ки ин маърака ривояти худро бар асоси андешаҳои баргирифта аз назарияи «Ивазкунии бузург» шакл дода ва дар пайи рӯйдодҳое, аз ҷумла ҷанги Ховари Миёна ва афзоиши шумораи номзадҳои мусалмон барои ба даст овардани мақомҳои давлатӣ, шиддат гирифтааст.
Пирӯзии Абдусайид дар Мичиган яке аз чанд натиҷае буд, ки дар даври моҳи ҷории рақобатҳои муқаддамотии ИМА, ки бахше аз интихоботи миёндавраии соли оянда ба шумор меравад, мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт.
Аммо ба гуфтаи муҳаққиқон, он чӣ баъд аз ин рӯй дод, акнун камтар ба вокуниш ба як номзади мушаххас монанд аст ва бештар ба сенарияе шабоҳат дорад, ки ҳар гоҳ як сиёсатмадори мусалмон пирӯз мешавад ё ба мақоме даст меёбад, ба роҳ андохта мешавад.
CSOH эълом кард, ки интизор дорад бо афзоиши маъракаҳои интихоботӣ барои интихоботи миёндавраии соли 2026, таассуби зиддиисломӣ низ шиддат бигирад.
4369388